Келини номусулмон писарамро аз ман ҷудо кард

      Писарам Умриддин бисёр бачаи бо нангу номус буд. Нав ба синфи шаш гузашт, ки падараш бемор шуда фавот карду тамоми бори зиндагӣ бар дӯшаш афтод. Дар 12 солагӣ мардаки хонадор шуд бачаи бечораам. Меҳнат карда ману хоҳару додаронашро мехӯронд, то ба ягон кас муҳтоҷ нашавем. Гӯр камбағалӣ шавад, аз сабаби бепулӣ писаракам баъди хатми мактаб ба ягон донишгоҳ дохил шуда натавонист. Додару хоҳаронаш калон шуда кашидани аробаи зиндагӣ торафт душвортар мегашт. «Бо пули ин ҷо ягон кор карда намешавад, оча, ман бо ҷӯраҳоям Россия мардикорӣ меравам. Хонаву дарамонро таъмир кардан даркор, то одамон ба ҳоламон наханданд»,- гуфта азми сафар кард. Тез-тез занг мезад, пул мефиристод, мудом аз ҳолу аҳвол ва каму кости рӯзгорамон бохабар буд. Дар ҳаққаш дуои нек карда, худоро зорӣ менамудам, ки писаракамро дар паноҳаш нигаҳ дорад, вале як рӯзи шум писари хурдиам ба таври худ аз ман севанчӣ гирифта гуфт: «Очаҷон, акаам дар Россия зани урус гирифтааст!» Бовар кунед, ин гапро шунида хаёл кардам, ки аз болои сарам як сатил оби хунук рехтанд. Писарчаамро як шаппотӣ зада гуфтам: «Шарм намедорӣ, ки чунин гапҳои бемаъниро ба забон меорӣ?” Гирякунон ба телефонаш ишора карда гуфт: «Ана худатон бинед, акаам суратҳои тӯяшонро дар «Одноклассники» партофтааст!» Нобоварона ба экрани телефон чашм дӯхта, писарамро дар паҳлӯи як духтари нимурёни заб-зард дидам. Дар танаш костюму брюки сиёҳ дошту маймуни дар паҳлӯяш истода фата пӯшида буд. Дар чашмонам ашк ҳалқа зад, зеро ин расм орзуву ормонҳои маро дар дилам кушт, охир ман ҳам мехостам мисли дигар модарон бо тӯю сур келин фароварда, ормон шиканам. Дуд аз димоғам баромад. Ҳамон замон ба Умриддин занг задам. Зангириашро пинҳон надошта гуфт: «Очаҷон, акнун корди писарат дар болои равған мешавад. Падари келин одами бою бадавлат аст, вай маро албатта дастгирӣ мекунад. Худо хоҳад, соҳиби ҳама чиз мешавем…» Ин гапҳоро шунида хун ба сарам зад ва суханашро бурида дод задам: «Мур, аз ин рӯзат беномус, барои пул шуда як гесубуридаи бе эзорро ба занӣ гирифта, маро дар назди ҳаққу ҳамсоя ва хешу табор шарманда кардӣ?! Илоҳо зан нагирифта…”

     Хулоса, аз даҳонам чӣ дашному ҳақорате, ки баромад, гуфтам. Умриддин сахт ранҷида телефонро хомӯш кард. Аз ҳамон рӯз инҷониб дигар на занг мезанад, на телефонашро мебардорад. Метарсам, ки дар ҳасрати рӯйи писар аз ғам мурда мемонаму дидор ба қиёмат мемонад. Аз ҳамин хотир ба «Оила» муроҷиат кардам, то ба писарам бигӯям:

    Умриддинҷон, писарам, ҷону ҷигарам, дигар ба ҳаёти шахсии ту кордор намешавам. Барои ман фарқ надорад, ки дар оғӯшат кист, муҳимаш хушбахт бошӣ. Очаатро напарто бачам, ақаллан як борак телефон кун, то овозакатро шунида дилам ором бигирад! Дар ин як моҳ хаёл кардам, ки қиёмат қоим шуда, олам торикистон гашт. Зиндагии модарат бе ту маъно надорам, Умриддин!

Шарофат, аз деҳаи Чағатайи н. Варзоб

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *