Либосҳои ягонаи миллии олимпӣ барои Рио-2016 рӯнамо мешавад

Зубайдулло Маҳмадуллоев, сардори  бахши иттилоот ва таҳлилии  Кумитаи  ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ба хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон» иттилоъ дод, ки  23 июли соли равон дар бинои Кумита маросими рӯнамои либосҳои ягонаи миллии олимпии мунтахаби Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гуфти Маҳмадалиев либосҳои ягонаи миллии олимпиро 7 варзишгари кишвар, ки то имрӯз ба гирифтани роҳхатҳои олимпӣ мушарраф гаштаанд, ба намояндагони васоити ахбори ома муаррифӣ менамоянд.  Инҳо  гурзпарто Дилшод Назаров, муштзан Анвар Юнусов, ҷудочиён Комроншоҳи Устопириёну Муҳамадмурод   Абдураҳмонов, даванда Кристина Пронженко, шиноварон Анатасия Тюрина ва Олим Қурбонов мебошанд.

Дар маросим раиси Кумитаи  ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва масъулини Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мураббиёни олимпичиён ва дигар мутахассисони соҳаи  варзиш иштирок намуда, ҳолати тайёрии ҳайати олимпичиёни тоҷикро қабл аз сафар ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио де Жанейро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *