Бонки ҷаҳонӣ: Иқтисоди Тоҷикистон боз поён меравад

Имсол  ва ду соли минбаъда иқтисоди Тоҷикистон рушди чандоне нахоҳад дошт. Бонки ҷаҳонӣ далели инро ба бӯҳрони молиявӣ дар ҷаҳон, бахусус, Русия рабт додааст.

Дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ бо номи “Дурнамои иқтисоди ҷаҳонӣ. Июни соли 2016” дар иртибот ба вазъ ва дурнамои рушди иқтисоди Тоҷикистон омадааст, ки мизони рушди иқтисоди ин кишвар дар соли ҷорӣ 4 фоизро ташкил хоҳад дод, ки ин рақам аз пешгӯии аввалҳои соли ҷорӣ ба миқдори 0,8 фоиз камтар аст.

Тибқи ин гузориш, дар солҳои 2017 ва 2018 низ мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон коҳиш меёбад. Бонки ҷаҳонӣ иллати коҳиши мизони рушди иқтисоди Тоҷикистонро ба бӯҳрони молӣ дар Русия ва ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтани пулҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба Ватан марбут донистааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *