Чаро Шўрои адлия барҳам хурд ?

    Дар  ин маврид ба идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» суолҳои зиёде ворид шуданд.Хабарнигори мо Иззатбеки Идизод барои посухи саҳеҳ гирифтан ба ин суолҳо ба раиси Суди Олӣ Шермуҳаммади Шоҳиён муроҷиат кард. Инак, фишурдаи  мусоҳибаи ў бо Раиси Суди олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён  пешкаши хонандагон мегардад.

-Дар ин ниҳод чӣ қадар кормандон фаъолият доштанд ва баъди пошхўрияш онҳо барои давом додани фаъолияти худ ба судҳо низ роҳ ёфтанд?

 

Тибқи банди 3 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №698 аз 9 июни соли 2016 «Дар бораи барҳам додани Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шумораи воҳидҳои кории Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба миқдори 1203 воҳид (401 воҳид судя ва 802 воҳид хизматчии давлатӣ) ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба миқдори 59 воҳид (26 воҳид судя ва 33 воҳид хизматчии давлатӣ) гузаронида шудааст. Аз 40 нафар кормандон, ки бевосита дар дастгоҳи Шўрои адлия фаъолият менамуданд, 35 нафарашон дар Суди Олӣ ва 5 нафарашон дар Суди Олии иқтисодӣ бо кор таъмин карда шудаанд ва айни замон фаъолият доранд.

-Баъди барҳамхўрии Шўрои адлия нафаре дар Интернет навишта буд, ки хуб шуд ин ниҳод аз байн бурда шуд, он як бори зиёдатӣ маҳсуб меёфт. Аз назари Шумо дар асл ҳамин тавр буд ё баръакс?

 

Не, ман ҳаргиз чунин намешуморам.  Таъсиси Шӯрои адлия дар гузашта тақозои замон буда, қадами аввалин дар самти таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ ба ҳисоб мерафт, ки вазифаи асосии он аз ташкили кори судҳо ва таъминоти моддию техникии онҳо иборат буд.

Дар давраи фаъолият ин сохтор корҳои назаррасро аз ҷумла дар роҳи таъмини мустақилияти  мақомоти судии кишвар, аз тобеияти мақомоти иҷроия баровардани он  ба анҷом расонид, дар татбиқи раванди ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар нақши муассир гузошта,  судҳоро бо биноҳои бо тамоми шароит мувофиқ муҷаҳҳаз гардонида, дар раванди интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ва такмили ихтисоси судяҳо саҳми худро гузошт.

-Шумо дар оянда боварӣ доред, ки Шўрои адлия аз нав так-ъсис меёбад?

Тарзи қабулгаштаи таъмини ташкили фаъолияти судҳо ҷавобгўи ҳамаи меъёрҳои миллию байналмилалӣ мебошад ва дигар зарурияти таъсиси ниҳоди дигаре нест…

 Идомаи ин суҳбатро метавонед дар шумораи навбатии ҳафтаномаи  «Тоҷикистон» мутолиа намоед.

 

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *