. Оши палови тоҷикӣ шоҳҷоиза гирифт

    Дар фестивали «Хӯрокҳои миллии ҷаҳон» дар шаҳри Хабаровск оши палови тоҷикӣ ва қурутоб соҳиби шоҳҷоизаи ин фестивал гардида, чун намунаи олии хӯрокҳои ҷаҳон дониста шуданд.

    Дар  шаҳри Хабаровски кишвари Шарқи Дури Федератсияи Русия Фестивали «Хӯрокҳои миллии ҷаҳон» баргузор гардид, ки дар он хӯрокҳои миллии тамоми миллату халқиятҳои иқоматдошта пешниҳоди тамошобинону ҳакамон гардонида шуданд. Бо ташаббуси раиси бонувони тоҷики кишвари Шарқи Дур- Моҳтоб Ғафурова дар Қаҳвахонаи «Сарез»-и шаҳри Хабаровск хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили оши палов, мошкичирӣ, шакаробу қурутоб ва нони чаппотиву кулчаҳои ширмол пешниҳод гардида, аз ҷониби ҳакамон сазовори ҷои аввал ва шоҳҷоиза шуд. Меҳмонону ҳакамон ба тарзи ороиши дастархону тайёр намудани хӯрокҳои миллии тоҷикона шинос гардида, арза доштанд, ки дар воқеъ мардуми тоҷик дорои таърихи куҳану малакаи бойи тайёр намудани хӯрокҳои гуногунанд, ки дар ҷаҳон талабгорони зиёд доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *