Абдулло Ҳабибулло: Ба мо устоди бедониш лозим нест

Мақомоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 38 устоди ин донишгоҳоро ба сабаби ба гуфтаи онҳо «камсаводӣ» ва «тасодуфӣ» будан, аз кор гирифтанд. Ба гуфтаи масъулони донишгоҳ, санҷиши дониши устодон дар пайи шикояти донишҷӯён баргузор шуд.

Дар як соли ахир бори дуввум аст, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб сафҳои устодонро аз афроди ба гуфтаи онҳо «тасодуфӣ» ва «ришвахор» пок мекунад. Абдулло Ҳабибулло, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб рӯзи чоршанбеи 27 июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки “комиссияи босалоҳияти донишгоҳ баъди санҷишҳои такрорӣ ба хулосае расид, ки даҳҳо устод ба талабот мувофиқ нестанд».

Ӯ гуфт, ки ба хотири шаффофияти раванди санҷиш баъзе устодонро такроран имтиҳон карданд, вале натиҷа боз ҳам манфӣ буд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки баъзе устодони донишгоҳ аз иштирок дар санҷиши такрорӣ даст кашиданд.

«Ҳамин нафароне, ки аз кор озод шуданд, ба талаботи макотиби олӣ ҷавобгӯ набуданд. То ҳол ба мо фишору таҳдидҳо ҳаст, ки ин устодон бояд дар донишгоҳ бимонанд, аммо бо ин шароите, ки донишгоҳи Кӯлоб дорад, дигар баҳое даркор нест» — гуфт Абдулло Ҳабибулло.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *