Русия аз Амрико метарсад?

Чунин ба назар мерасад, ки вақтҳои охир Русия бештар аз Амрико метарсад ва бо роҳу усулҳои нав тарси худро бо тарсонидани Амрико бартараф карданист.

Ин навбат бошад, киштиҳои ҳарбии баҳрии русия лоиҳаи сохтани киштии ҳарбии баҳрии яхшиканро дида баромада истодаанд. Ин амали худро Русия дар муҳофизати соҳилҳо ва ҷазираҳои Арктикаи кишвар шарҳ медиҳанд.

Чунончӣ «Известия» аз забони машваратчии директории генералии маркази илмӣ- давлатии Криловск дар Санкт- Петербург- Валерий Половинкин менависад, дар кишвар флоти ҳарбии яхшикан сохта мешавад, ки ба қатори киштиҳои ҳуҷумкунанда шомил шуда, тавони сар додани силоҳи артилейри ва мушакиро доранд.

Аммо расонаҳои ғайрирусӣ мегӯянд, ҳадафи Русия тамоман дигар, яъне тарсондани Амрико ва дар баробари он «халос» шудан аз киштиҳои яхшикани Амрико дар баҳру дарёҳояш аст. Зеро яке аз даромади содиротии Русия моҳидорӣ мебошад, ки аксаран барои доштани моҳиҳои арзишан гарон Русияро лозим аст, ки яхҳои чандсолаи ғафсро шиканад, аммо чунин имкониятро бо сабаби набудани киштиҳои абарқудрати яхшикан надорад. Ингор Русия бо истеҳсоли чунин киштиҳо бо як туфанг се тир мезанад: Ҳам Амрикоро «метарсонад» ҳам доираи моҳидорияш васеъ мешавад ва ҳам аз киштиҳои бегона халос мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *