Баргузории гӯштини миллии тоҷикӣ дар Санк — Петербург

Бо ташаббуси Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия ҳамроҳ бо созмонҳои иҷтимоии зодагони  Тоҷикистон дар вилояти Ленинград ва Санкт-Петербург, 21-уми август дар шаҳри Санкт-Петербург мусобиқа оид ба варзиши миллӣ-  гӯштингирӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои котиби матбуоти намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов, мусобиқа дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он наздики 5000 ҳамватанони мо ширкат варзиданд.
Иброҳим Аҳмадов илова намуд: «Дар мусобиқа беш аз 50 варзишгар аз минтақаҳои гуногуни Русия иштирок намуданд. Бино ба иттилои ташкилкунандагон фонди ҷоизавии мусобиқа 900 ҳазор рублро ташкил додааст. Ҳамчунин ғолибон бо дипломҳои фахрии созмонҳои иҷтимоӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Дар охири чорабинӣ, тибқи анъана дастархони идона ороста шуд ва меҳмонону иштирокчиёнро бо палави тоҷикӣ зиёфат доданд».
Чунин чорабиниҳо ба ифтихори Истиқлолияти Тоҷикистон дар минтақаҳои дигари Русия низ гузаронида мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *