Одил Шазлӣ: Ба RG.tj эътимод кунед

        Озмуни «RG.tjselfi» ҷамъбаст шуд

Озмуни сомонаи ҳафтаномаи «Рекламная газета» —  RG.tj «RG.tjselfi» ҷамъбаст гардид ва шаҳрванди Ҷумҳурии Ҳиндустон Одил Шазлӣ ғолиби он ва сазовори тӯҳфа – телефонии Samsung Galaxy S7 шуд. Маросими супоридани тӯҳфа ба Одил дар идораи марказии «Рекламная газета» дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

                

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур аз санаи 20 апрел шурӯъ шуда то 15 июн идома ёфт ва дар он 40 нафар аз Тоҷикистон ва хориҷи он ширкати фаъолона доштанд. Шарти озмун, бисёр содда: гирифтани селфӣ ва ҷой кардани он дар сомона ва ҳар чӣ бештар гирифтани «Like» буд. Баъди маросими ҷоизасупорӣ сӯҳбати кутоҳе доштем бо Одил Шазлӣ.

                 

Одил, лутфан худатонро ба хонандагони мо ва истифодабарандагони сомонаи RG.tj шинос кунед.

— Одил Шазлӣ ҳастам, аз Кашмири Ҳиндустон. Соли 2012 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро бо ихтисоси теропевт хатм кардам ва бо Муаззама ном тоҷикдухтар оила барпо карда, барои кор ба  Ҳиндустон ва баъдан ба Либия рафтем. Тӯли ду сол дар Либия будам ва имрӯз аз он ҷо рост ба Тоҷикистон омадам.

— Шумо дар Либия, дар мамлакате ки гирифтори ҷанг аст, чӣ гуна дар бораи сомонаи RG.tj ва озмуни «RG.tjselfi» хабардор шудед?

— Шумо медонед, ки дар Либия нооромӣ аст. Он ҷо мо озодона беруну дарун баромада наметавонем, бинобар ин рӯзи дароз дар хона мешинем ва дар сомонаҳои интернетӣ машғул мешавем. Ман ки бо Тоҷикитон равобитамро накардаам, сомнаҳои тоҷикиро хонда меистам. Як рӯз ҳамсарам ба ман аз озмуни «RG.tj – selfi» хабар дод. Ибтидо ман ба ҳақиқат доштани озмун бовар намекардам, аммо маъруфият пайдо кардани онро ба назар гирифта таваккал дар он ширкат кардам. Медонед, дар Интернет ҳазорҳо озмун ҳаст, ки ҳақиқат надорад, фиреб аст ва ман ҳам то охирон лаҳза бовар надоштам, аммо номаро дар қатори ғолибон дида, дар ҳайрат афтодам ва баъди занг задани шумо эътимод кардам.

— Ба истифодабарандагони сомонаи RG.tj  чӣ гуфтанӣ ҳастед?

— Ман ба истифодабарндагон гуфтанӣ ҳастам, ки ба RG.tj эътимод кунед, зеро ҳар як ташаббусе ки аз ҷониби ин сомона сурат мегирад, воқеият аст.  RG.tj – сомонае ки даст ба кор аст. Ман шоҳиди воқеӣ ҳастам.

RG.tj чандин озмунҳо ва чорабиниҳои дигарро дар нақша дорад, нияти ширкат варзидан доред?

-Алабтта, чаро не…

— Дар бораи тоҷикон  ва Тоҷикистон чӣ назар доред?

— Ман Тоҷикистонро хело зиёд дӯст медорам. Худамро аллакай қисман тоҷик ҳис мекунам. Ҳамсарам тоҷик аст…

— Ҳа воқеан, бо ҳамсари тоҷикатон чӣ тавр шинос шудед?

— Вақте ки ман ин ҷо мехонадам ӯ дар магистратура аз рӯйи ихтисоси таърихи адабиёти англисӣ таҳсил мекард. Мо бо ҳам шинос шуда, даррав якдиагрро дӯст доштем ва соли 2012 оила барпо кардем. Ҳозир соҳиби як фаразанд ва хушбахтем. Ҳамсарам ба волидонам маъқул аст, онҳо аз ӯ розӣ ҳастанд.

— Намехоҳед ба Тоҷикистон омада кор кунед?

— Албатта, зиёд дилам мехоҳад, ҳатто волидонам ҳам инро мехоҳанд, зеро кор дар Либия хатаровар аст. Аммо дар Тоҷикистон маош кам аст, агар маоши дилхоҳ пайдо шавад, ҳатман меоям…

— Саломат бошед

— Шумо ҳам. Ба кормандони сомонаи RG.tj комёбӣ мехоҳам ва ба корбаронаш гуфтанӣ ҳастам, ки ба  RG.tj эътимод кунед, зеро дар кори  RG.tj фалш нест…

Мусоҳиб

О.СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *