«Рисолати сулҳҷӯёна-2016» душмани шартиро нест кард

Бинобар иттилои ВАО дар кишвари Қирғизистон машқҳои таълимии «Рисолати сулҳҷӯёна-2016», ки бо ибтикори Созмони ҳамкории Шанхай аз 15 то 21 сентябри соли равон ҷараён дошт, ба итмом расид. Дар он техникаи навтарини низомӣ барои маҳв сохтан душмани шартӣ истифода бурда шуд.
Ҳадафи асосии машқҳои «Рисолати сулҳҷӯёна-2016» тақвияти омодагии сохторҳои идорӣ, неруҳо ва воситаҳои кишварҳои узви СҲШ барои мубориза бо терроризм, экстремизм ва сепаратизм буд.
Аз рӯйи фарзияе неруҳои қудратии дастаҷамъӣ бояд дастаи муташаккилу мусаллаҳи пурқуввати террористонро нобуд мекарданд. Аввал ҳавопаймоҳои бомбаандозу ҳамлакунанда ва чархболҳо ба мавқеъҳои шартии душманон зарба зада, пас аз ин амалиёти заминӣ шурӯъ гардид. Қӯшунҳои СҲШ аз техникаи навтарин: русиягиҳо дар майдони набард аз танкҳои «Тигр», хитойиҳо аз чархболҳои ҳамлакунандаи намуди нав ва қазоқҳо аз чархболи «Энергокоптер» ва мошини «Арлан»-ро истифода бурданд.
Дар рафти машварат сардорони штабҳои генералии кишварҳои узви СҲШ қарор карданд, ки машварат ва машқҳои таълимии «Рисолати сулҳҷӯёна» соли 2018 дар Русия баргузор хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *