Таҳдиду хатарҳои нав аз тарафи ДИИШ ба ОМ

Имрӯз, 23 сентябри соли 2016, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо ҳаракати ҷамъиятии «Друзья России» («Дӯстони Россия») мизи гирд дар мавзуи «Таҳдиду хатарҳои нав аз тарафи ДИИШ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор гардид.

Дар он коршиносони мустақил, намояндагони гурӯҳҳои ҷамъиятӣ, кормандони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин, намояндагони корпуси дипломатӣ ширкат варзиданд. Иштироккунандагони Мизи гирд қайд карданд, ки терроризми байналмилалии муосир ва экстремизми динӣ ба як проблемаи глобалии хатарноки муосир табдил ёфтааст ва ба амнияти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад. Дар рафти муҳокима ба масъалаи фаъолияти органҳои ҳифзи ҳуқуқ дар соҳаи мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба терроризм ва экстремизм, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд. Чунончи, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати ҳозиринро ба нақши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки аз тарафи экстремистон фаъолона ба мақсади ҷалби ҷавонон ба сафҳои худ истифода мешавад, ҷалб намуд. Вазъияти ҳарбию низомӣ дар кишварҳои Шарқи Наздик мавриди мубоҳисаи васеи коршиносон қарор гирифт. Аз тарафи онҳо сенарияҳои эҳтимолии рушди вазъият дар Сурия, Ироқ ва Афѓонистон дар робита ба ҳамкориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза алайҳи ДИИШ пешгӯйӣ карда шуд.Инчунин, қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иштироккунандагони аз ҳама фаъоли мубориза алайҳи таҳдиду хатарҳои нав ба монанди экстремизм ва терроризми байналмилалӣ мебошад.Дар хотимаи мизи гирд иштироккунандагон якдилона изҳор доштанд, ки бо терроризми байналмилалӣ ва экстремизми динӣ бояд дар миқёси ҷаҳон мубориза бурда шавад, зеро он дарду бадбахтии умумии тамоми инсоният аст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *