Қатораи нахустини Душанбе-Тошканд ба роҳ мебарояд
Нахустин қатораи роҳи оҳани самти Душанбе-Тошканд дар назар аст, ки рӯзи душанбе, 20-уми июн ба ҳаракат барояд.
Ширкати “Ӯзбекистон темир йӯлларӣ” шоми 14-уми июн дар саҳифаи Телеграм-канали худ хабар дод, ки қатори байни ду пойтахти кишварҳои ҳамсоя ҳафтае як бор ҳаракат хоҳад кард. Тӯлонии роҳ 916 км буда, ба навиштаи your.tj, дар шаҳрҳои Қаршӣ, Самарқанд, Ҷиззах, Гулистон ва дар хоки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ист хоҳад кард. Нархи билети қатора аз 35 доллар шурӯъ мешаванд. Қатора аз даҳ вагон, аз ҷумла, як вагон-ресторан, чор купе ва панҷ платскарт иборат мешавад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2018, баъди сари маснади Президенти Ӯзбекистон омадани Шавкат Мирзиёев миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон даҳҳо шартномаҳои ҳамкорӣ ба мизо расиданд. Сарҳадҳо боз ва рафтуомади мардум миёни ду кишвар осон гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ