Ғарқшавӣ ва ҳалокати се ноболиғ дар кишвар
Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз ҳалокати се ноболиғ дар ноҳияҳои Ёвон, Варзоб ва Мастчоҳ дар шабонарӯзи гузашта хабар медиҳад.
Дар хабар омадааст, ки “шабонарӯзи гузашта аз марги се ноболиғ дар обҳои кишвар хабар расид. Чунончи, рӯзи 23-юми апрели соли равон ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнуъ се ноболиғ — бачаҳои 12, 13 ва 14-солаи сокини ноҳияҳои Ёвон, Варзоб ва Мастчоҳ дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд”.
Гуфта мешавад, ки ҷасади писарбачаи 14-сола, сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо талоши кормандони бахши ноҳиявии Кумита ва сокинони маҳаллӣ пайдо ва ба волидайнаш супурда шудааст.
Имдодгарони Кумита барои ёфтанаи ҷасади духтарчаи 12-солаи сокини Ёвон ва писарбачаи 13-солаи сокини Варзоб аз субҳи имрӯз инҷониб ба ҷустуҷӯ идома дода истодаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ