Ғарқшуда куҷо шуд?
Як сокини ноҳияи Варзоб мегӯяд писари 36-солаи вай дар канали деревиатсионии Варзоб ғарқ шудааст, вале ҷустуҷҳои хонаводагӣ натиҷа ба бор наоварданд. Ин сокини ноҳияи Варзоб барои ёрӣ ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат кардааст.
Баъди дарёфти номаи имдод дастаи зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тҷикистон дар шаҳри Душанбе барои анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ ба канали деревиатсионии Варзоб воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сафарбар гардиданд.
Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе корҳои кофтуковиро аз километри 8-ум то назди НБО Варзоб аз соати 10:00 то 13:01 идома доданд, аммо ҷасад пайдо нашуд.
Гумон меравад писари ин марди варзобӣ шояд ба иллатҳои дигар бедарак шуда бошад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ