Ғарибшо — Бахтиёр Раҳимов аз мардум кумак мехоҳад

Ютуб-канали ОRZU навори муроҷиати ҳунарманди шинохта Бахтиёр Раҳимовро пахш кард, ки барои соҳиби манзили истиқоматӣ шудан кумак мехоҳад.

— Ташаккури зиёд ба он нафароне, ки барномаи “Ногуфтаҳо”-ро диданд, хулосабарорӣ карданду фикру ақидаашонро пешниҳод намуданд ва ба зиндагии шахсии банда диққат доданд,- мегӯяд Бахтиёр Раҳимов дар оғози муроҷиати худ.

Мавсуф бо ишора ба печидагиҳои зиндагии хеш иброз медорад, ки “сабр бисёр чизи хуб аст, лекин 30 сол тоқат кардам, таҳаммул кардам, гуфтам, ки аз ман бештар ниёзмандон ҳастанд. Воқеан ҳам чунин

буд. 30 сол сабр кардам ва ба қароре омадам, ки ба шумо муроҷиат кунам, ба он нафароне, ки дасти хайр доранд, ба он нафароне, ки шароити хуб доранд, ба он нафароне, ки саҳмгузор ҳастанд, барои мушкилоти худамро ҳал кардан. Яъне мушкили манзил дорам”.

Ӯ аз шахсони саховатманд хоҳиш кардааст, ки мувофиқ ба шароиту имконияташон кумаки худро дареғ надоранд.

Зери ин навор нафарони зиёде шарҳ гузоштаанд. Аз ҷумла, нафаре навиштааст, ки “Бахтиёр фақат моро механдонад, биёед мо ҳам ӯро хандонем”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *