Қаҳрамонмодар. Ҷавонони имрӯза шояд надонанд…
Ҷавонони имрӯза шояд надонанд, ки дар даврони шӯравӣ барои таваллуди фарзанди бисёр занон бо унвон қадрдонӣ мешуданд. Бале, ин унвон Қаҳрамонмодар ном дошт.
8-уми июли соли 1944 дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвон ва орденҳои «Қаҳрамонмодар», «Шуҳрати модарӣ» ва «Медали модарӣ» таъсис шуд.
Унвони «Қаҳрамонмодар» ҳамчун мукофот барои модароне, ки на камтар аз 10 фарзанд таваллуд карда ва ба воя расонидаанд (синни фарзанди охирин бояд на камтар аз 1 сол, кӯдакони боқимонда 9-сола ва аз ин калонтар ва зинда бошанд) ҷорӣ карда шуд.
Орденҳои «Шуҳрати модарӣ» дар ҳамин шароит ба модарони 9-7-фарзанддор ва медали «Нишони модарӣ» ба 6-5-фарзанддор супурда шудаанд.
Тақрибан 431 ҳазор нафар модарони Иттиҳоди Шӯравӣ бо унвони «Қаҳрамонмодар», 5 миллиону 534 ҳазору 724 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шуҳрати модарӣ» ва тақрибан 13 миллиону 150 ҳазор нафар занон бо «Медали модарӣ»-и дараҷаҳои I ва II мукофотонида шудаанд.
Таҳияи Судоба САИДОВА, донишҷӯ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ