Қадимтарин дастхат дар Осорхонаи ба номи Рӯдакӣ

Қадимтарин дастхат дар фонди Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент” китоби “Ҷомеъ-ур-румуз”-и Шамсуддини Куҳистонӣ мебошад, ки таҳти рақами 1437 маҳфуз аст.

Китоб соли 1958 ба фонди осорхона ворид гардидааст. Забони асар арабӣ буда, мавзӯи он фиқҳи ҳанафӣ мебошад. Матни китоб бо хати насх иншо гардида, чанд саҳифаи аввали он нобуд гаштаанд.

Вижагии китоб дар он аст, ки он дар замони зиндагии муаллиф — соли 941-и ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқи 1534-35-и милодӣ китобат шуда, хидмати 489-сола дорад.

Шамсиддин Муҳаммади Куҳистонӣ (ар. Қуҳустонӣ) фақеҳ, олим, адиб ва шоири хуросонӣ буда, дар Куҳистони Хуросон ба дунё омадааст. Таърихи даргузашташ дар маъхазҳо дорои ихтилоф буда, соли 953 ё соли 967 ҳ.қ. зикр гаштааст. Куҳистонӣ фақеҳи маъруф ва муфтии Бухоро буд ва ба ҷиҳати тасаллуте, ки бар фиқҳи ҳанафӣ дошт, бо лақаби Абуҳанифаи сонӣ маъруф гашта буд.

Аслигул ТИЛЛОХОНОВА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *