“Қанди порсӣ” – ҷоизаи ҷаҳонии Гулрухсор ва Амина Шарофиддинова

Ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” барои талошҳо дар роҳи посдорӣ ва густариши забони форсӣ имсол ба шоири маъруфи тоҷик Гулрухсор ва фаъоли маданӣ аз Самарқанд Амина Шарофиддинова эъто шуд.

Маросими ҷоизасупорӣ шоми 18-уми феврал дар Донишгоҳи Вестминстери Лондон бо иштироки форсизабонони Британия баргузор шуд. Ҷоизаро ҳамасола Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон, ки дар марказаш дар Британияи Кабир аст, медиҳад.

Карими Карим, раиси Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон гуфтааст, ки ин ҷоиза ба хотири саҳми бориз гузоштан дар посдории забони форсӣ ба ин ду нафар аз Тоҷикистону Ӯзбекистон эъто шуд.

Ёдовар мешавем, ки ин ҳафтумин мавриди эътои ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” аст. Қаблан аз Тоҷикистон Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори ВВС барандаи ин ҷоиза шуда буд. Ин ҷоиза лавҳ ва ба маблағи 500 фунт стерлинг, муодили 630 доллар ё наздик ба ҳафт ҳазор сомонӣ мукофот низ дорад. 

Дар бораи барандагони ҷоиза

ГУЛРУХСОР (Гулрухсор Сафиева), (таваллуд 17 декабри 1947, деҳаи Яхчи ноҳияи Комсомолобод) — шоир, нависанда, рӯзноманигор, дромнавис, тарҷумон, Шоири халқии Тоҷикистон (1999). Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2003). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1971). Узви фарҳангистони забону адаби форсӣ (2022). Аз шоирони саршиноси тоҷик аст, ки дар ҷаҳони форсизабон низ шуҳрат дорад. Муаллифи беш аз 30 китоби назму наср аст. Дар солҳои 80-ум алорағми сиёсати ҳукумати Шӯравӣ ҳамроҳи шоирон Бозор Собиру Лоиқ Шералӣ ва дигар аҳли зиё барои бедории миллии тоҷикон талошҳои зиёде кардааст. Натиҷаи талоши эшон мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар соли 1989 буд.  

АМИНА ШАРОФИДДИНОВА (таваллуд 10. 09. 1963, шаҳри Самарқанд) — забоншинос, публитсист, рӯзноманигор ва узви фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Ӯзбекистон аст. Ӯро ба сифати яке аз лидерони фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон мешиносанд. Солҳо дар соҳаи маорифи Самарқанд кор кардааст.  Дар мавзӯи «Хусусиятҳои лексикӣ-семантикӣ ва услубии воҳидҳои фразеологии романи «Ғуломон»-и Садриддин Айнӣ» рисолаи номзадӣ навиштааст. Ин таҳқиқоташ ба шакли китоб низ нашр шудааст.

Мақолаҳои сершумораш дар матбуоти Ӯзбекистону Тоҷикистон ба нашр расидаанд, ки бештарашон ба мавзуи ҳуқуқи тоҷикони Ӯзбекистон, вазъи мактабҳои тоҷикӣ дар ин кишвар, мавқеи забони тоҷикӣ ва худшиносии миллӣ бахшида шудаанд. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Муаллифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои зиёд барои омӯзгорони тоҷикзабони Самарқанд аст.

Соли 2023 Амина Шарофиддиноваро барои чанд мақола ва мусоҳибаҳояш суди шаҳри Самарқанд ҷарима кард. Ин амал дар ҷаҳони форсизабон ғулғула афканд. Ҷарима кардани Амина Шарофиддиноваро саркӯб кардани тоҷикон арзёбӣ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *