Қарақамиш кай Найистон мешавад?
Ба раиси ноҳияи Темурмалик
Номи деҳаи мо ҳоло Қарақамиш аст. Мо мехостем онро ба Найистон иваз кунем. Зеро, деҳае, ки Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ таваллуд шудааст, бояд номи тоҷикӣ дошта бошад.
Аз шумо, раиси муҳтарами ноҳияи Темурмалик, ки шахси бисёр бомаърифат ҳастед, хоҳиш мекунем, ки дархости мо — сокинони деҳаро ба назар бигиред ва номи деҳаи моро ба Найистон табдил диҳед.
Бо эҳтиром, Нусратулло Шамсуллоев ва дигар сокинони деҳаи Қарақамиш
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ