Қароре, ки иҷро нашуд…
Чанде пеш дар “Тоҷикистон” қарори сартабиби давлатии санитарии вилояти Суғдро таҳти №1 аз 17-уми майи соли 2023, ки фурӯши “маҳсулоти зуднобудшаванда, ба монанди сихкабоби қиммагӣ, маҳсулоти қаннодии кремдор, обҳои ташнагишикани худсохт ва консерваҳои хонагӣ”-ро манъ кард, хонда, хушҳол шудам, вале…
Бояд бигӯям, ки мо на ҳама вақт кӯдаконамонро назорат карда метавонем. Онҳо дар ин рӯзҳои гарм ба кӯча баромада, обҳои ташнагишикани рангкардашудаи бесифатро харида менӯшанд. Бархе аз дастгоҳҳои обфурӯшӣ лоақал филтр надоранд. Рӯйрост оби водопроводро дар конистрҳои чиркин оварда дар назди дастгоҳашон монда, ба он ранг илова карда мефурӯшанд.
Бинобар ин, қарори сартабиби вилоят маро шод кард. Аммо дирӯз ба бозори “Панҷшанбе” корафтода шуда бинам, қарори сартабиб иҷро нашудааст. Ҳамоно обфурӯш машғули кор аст ва мардум дар навбати об.
Болотар аз обфурӯш лаганди сихкабоб, ки болояш фақат бо дока пӯшонида шудааст, ба савдо меравад. Қанду шириниҳои хитоӣ ҳам дар рӯйи замин болои як матоъ тунук шуда, ба савдо гузошта шудааст. Касеро парвое нест.
Пас қабули қарор чӣ лозим буд?
Саидраҳмон АБРОРОВ, нафақагир, шаҳри Хуҷанд
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ