Қарзи музди меҳнат дар Кӯшониён ва Хуросон (аудио)

Кормандони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳои Кӯшониён ва Хуросон сари вақт бо маош таъмин намешаванд. Феълан дар идораҳои зикршуда бештар аз 300 ҳазор сомонӣ қарзи музди меҳнат мавҷуд будааст.

Нуриддин Насруллоев, иҷрокунандаи вазифаи сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Кӯшониён мегӯяд, ки қарзи музди меҳнат асосан аз солҳои пеш аст: “Аз солҳои 2014 ба ин тараф қарз омада истодааст. Баъзе аз кормандон корро бас карда рафтаанд. Музди меҳнаташ пардохт нашудааст. Қисми зиёди қарз аз солҳои пешин аст”.

— Мо қарзи маошро хеле кам кардем. Бештар аз 342 ҳазор сомонӣ буд. Аллакай 116 ҳазор сомониашро кам кардаем,- афзуд вай.

Дар ҳамин ҳол, Оятулло Умаров, муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj мавҷуд будани қарзи музди меҳнатро дар ноҳияҳои Хуросон ва Кӯшониён тасдиқ карда, гуфт, ки мувофиқи ҳисоботҳои фаврӣ дар Кӯшониён зиёда аз 250 ҳазор сомонӣ қарзи музди меҳнат буд. Вале танҳо дар моҳи март беш аз 60 ҳазор сомониашро пардохт кардаанд. Ӯ афзуд, ки дар ноҳияи Хуросон низ масъулини Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ натавонистаанд сари вақт маоши кормандонро пардохт кунанд.- Ҳоло қарзи музди меҳнат 80 ҳазор сомониро ташкил медиҳад,- таъкид кард манбаъ.

“Сабаби асосии сари вақт пардохт нашудани музди меҳнат — ин ба пуррагӣ ҷамъоварӣ нашудани ҳаққи хизмати обрасонӣ аст. Мутаассифона, то якуми апрели соли равон қарзи ҳаққи хизмати обрасонӣ танҳо дар ноҳияҳои болозикр наздики 10 миллион сомонӣ аст. Агар ҳамин маблағ пардохт шавад, ҳамаи уҳдадориҳои хешро дар назди нозироти андоз, шабакаҳои барқ ва кормандон иҷро мекунанд”,- афзуд ӯ.

Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Кӯшониён 11 миллиону 830 ҳазор сомонӣ аз андоз ва наздики 900 ҳазор сомонии дигар аз шабакаҳои барқ қарз доштааст.

Дар Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Хуросон низ қарзи музди меҳнат ба 80 ҳазор сомонӣ расидааст. Вале, мутаассифона, мо касе аз масъулини ин ниҳодро пайдо накардем, то сабабу омилҳои ин мушкилотро пурсем.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *