Қатли модар аз сӯи писар дар Маскав

Мақомоти интизомӣ дар Маскав мардеро боздошт кардаанд, ки як ҳафта пеш модари худро бераҳмона ба қатл расонида будааст.

— Ҳодиса 23-юми март дар шимолу ғарби Маскав содир шудааст,- хабар медиҳад lenta.ru.

Ба гуфтаи муфаттишон, писар ҳангоми муноқиша модарашро дар яке аз гаражҳои гузаргоҳи Походний бӯғӣ кардааст. Пас аз ин, ӯ ҷасади занро ба маҳали вилояти Рязан интиқол додааст.

Пас аз ду рӯз қотил бо баёнот дар бораи модари гумшуда ба пулис муроҷиат кардааст.

Аммо дар ниҳоят маъмурони интизомӣ ӯро дар содир кардани ин куштор гунаҳкор донистаанд. Ҷинояткор аллакай ба гуноҳаш иқрор шудааст.

Дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаи «Одамкушӣ» парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *