Қазоқистон: Вазъ ором шуд, вале ҳанӯз ҳам ҷинояткоронро меҷӯянд

Зимни як нишасти хабарӣ намояндаи Вазорати умури дохилии Қазоқистон 21-уми феврал гуфт, ки муфаттишон таҳқиқи 107 парвандаи марбут ба ҳодисаҳои моҳи январро ба поён расонида, ба додгоҳ фиристодаанд. Ба гуфтаи намояндаи вазорат, бештари парвандаҳо ба «ғоратгарӣ» ва «ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ» марбут мебошанд.

Санжар Одилов, сардори Департаменти тафтишотии Вазорати умури дохилии Қазоқистон гуфт, ки то имрӯз парвандаи 86 гумонбар дар бетартибиҳои моҳи январ ба додгоҳ фиристода шудааст ва додгоҳҳо аллакай 52 нафарро муҷозот кардаанд.

Аз ин миён озодии 39 кас маҳдуд ва 13 нафар аз озодӣ маҳрум шудааст. Тафтишот зидди ду тани дигар ба далели созиши ҷонибҳо қатъ гаштааст.

Дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январ Вазорати умури дохилии Қазоқистон хабар додаааст, ки 2729 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Рӯзи 2-уми январ дар Қазоқистон эътироз дар робита ба боло рафтани нархи гази моеъ оғоз шуд. Рӯзи 6-уми январ эътироз дар Алмаато ба хушунат печид. Қосим Ҷомарт Тоқаев, президенти ин кишвар гуфт, ки ба Қазоқистон «террористон» ҳамла кардаанд ва аз кишварҳои узви созмони СПАД кумак хост.

Кумитаи иҷрои ҷазои Вазорати умури дохилии Қазоқистон хабар дод, ки 728 кас бо гумони иштирок дар бетартибиҳои моҳи январ дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *