барқ

Қирғизистон ба Чин барқ фурӯхтанист

Раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Ақилбек Жапаров ва котиби кумитаи ҳизби вилояти мухтори Синтзян-Ӯйғури Чин Ма Синҷуа як силсила санадҳои дуҷонибаро ба имзо расонидаанд.

Ёддоштҳои тафоҳум дар бораи содироти нерӯи барқ ​​ба Чин ва сохтмони хати интиқоли барқи 500 квт «Қирғизистон — Чин» аз ҷумлаи онҳо будаанд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш Вазорати энергетикаи Қирғизистон изҳор дошт, ки ин кишвар дар мавсими сармои соли оянда аз Русия барқ хоҳад харид.

Дар Қирғизистон норасоии қувваи барқ ба 3 миллиард квт/соат мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *