Қироншоҳ Шарифзода: Аз тахриби Хона-музейи устод Айнӣ даст кашед!

Устод Айниро нимхона накунед!

Дар ин шабонарузҳое, ки фикру зикри ҳама – ҳам мақомот ва ҳам сокинони Точикистон, ба талошу истодагари дар муқобили вабои аср бемории КОВИД-19, ё коронавирус, банд асту дар миёни анбуҳи хабару иттилои сарозер аз маргу мир бештар мегуянд, аз ёдгориҳои таърихи, аз ҳифзи онҳо сухан кушодан, шояд барои бисёриҳо бемавқеъ намояд.

Вале ҳоло сухан аз ёдгориҳои асрҳои қадим, аз ковишу тармими онҳо не, балки аз ёдгорие гуфтанием, ки ба таърихи нави давлатдории баъди ҳазорсолаамон, ба кошонаи умри бобаракат ба сар бурдаи абармарди таърихи нави миллату давлати точик, балки аз бунёдгузорони давлати Точикистон, асосгузори адабиёти навини милли, Қаҳрамони Точикистон, устод Садриддин Айни дахл дорад.

Хабари тасмими мақомот дар бораи вайрон кардани қисме аз Хона-музейи Садриддин Айниро шунидед?

Сабабаш барои сохтани роҳи гузар ба меҳмонхонаи навбунёдшаванда будааст.

Азбаски чун ҳамеша мақомот тасмимҳои худро пинхони аз мардум мегирад ва дар ҳолати вокуниши ин мардум онро шарҳ ҳам намедиҳад, ногузир чанд суоле пайдо мешавад:

— Ҳангоми кашидани тарҳи азнавсозии маҳалле дар пойтахт оё сарнавишти ёдгориҳои таърихи ба назар гирифта намешавад?

— Оё мутахассисони лоиҳакаш аз таърихи сиёсию фарҳанги миллат маълумоте надоранд?

— Оё роҳи гузар ба меҳмонхонаи бунёдшавандаро ба Хона-музейи устод Айни халал норасонида, аз самти дигар сохтан имкон надорад?

Ҳоло аз қазияву қиссаҳои сарсониҳои сокиноне, ки манзилгоҳашон дар рафти азнавсозиҳои маҳаллаҳои пойтахт тахриб шудаву додхоҳи доранд, намегуем, лек наход дар нисбати Хона – музейи устод Айни, аз ангуштшумор мавзеъҳои таърихии боқимонда дар пойтахти кишвар, низ муносибати беэҳтиромона нисбат ба таърихи миллатро раво бинанд?

Мо куҷо равонаем? Беэҳтироми ба таърихи миллат, ба ёдгориҳои таърихи на чандон дури миллату давлат то кай идома меёбад?

Аз саҳифаи Фейсбукии муаллиф

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *