Сарбоз яке аз қотилони Азизбек чаро то ҳол дар озодист?
Тавре расонаҳо иттилоъ медиҳанд, дар прокуратураи ноҳияи Айнӣ гунаҳгорони марги Азизбек Раҷабов,сокини деҳаи Ёвон муайян шудаанд ва се нафари онҳо дар боздоштгоҳ қарор доранд, аммо Сарбоз Раҳмонов яке аз қотилони дигари Азизбек то ҳол дар озоди қарор дорад.
Гуфта мешавад, ки инҳо Ҳабибулло Раҳмонов, Мақсудҷон Ниёзов ва Тамкин Раҳмонов мебошанд, ки бо моддаи авбошӣ (моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ) гунаҳгор дониста мешаванд. Нисбат ба шарики онҳо Сарбоз Раҳмонов барои қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ (моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ) парванда кушодаанд ва ӯ башартан берун нарафтан аз маҳлли зист дар озодӣ қарор дорад. Аз ин ҷавонон баёноташонро дар мавриди ҳолатҳои занозание, ки дар деҳаи Ёвон рӯзи Иди Қурбон рух дода, ба марги Азизбек Раҷабов оварда расонд, гирифтаанд. Аммо хонаводаи Азизбек Раҷабов аз ҷараёни тафтишот розӣ нестанд ва мегӯянд, ба муттаҳамон айбҳои сабук пешниҳод шудааст. Азизбек Раҷабов имсол ба Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон қабул шуда, рӯзи 31-уми июл ният доштааст,ки ҳамроҳи чанде аз ҳамсолонаш ба Душанбе равад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ