Қотили духтари ноболиғ як умр аз озодӣ маҳрум шуд

Суди вилояти Хатлон Болтахонов Рустам Исматуллоев, сокини ноҳияи Хуросонро барои таҷовуз ва ба қатл расонидани духтарчаи 9-сола барои як умр равонаи зиндон кард.

Шамсулло Яҳёзода, муовини раиси Суди вилояти Хатлон, раисикунандаи ин мурофиа ба Pressa.tj , гуфт, дирӯз 23-ноябри соли равон, бо ҳукми колегияи суди оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон Болтахонов Рустам Исматуллоевич бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои В, Л (одамкушӣ) модаи 138 қисми 3 банди А (таҷовуз ба номус) моддаи 139 қисми 4 банди А (ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуд.

Ба ӯ аз руи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои ниҳоӣ ба муҳлати якумра маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо намудани ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш махсус ҷазо таъин карда шудааст.

Бояд гуфт, ки маҳкумшуда ҷиноятро нисбати ноболиғи 9-сола ҳанӯз 16-августи соли 2021 дар деҳаи Меҳнати ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хурсони вилояти Хатлон содир карда буд. Ба гуфти раискунандаи мурофиа тарафҳо метавонанд дар муҳлати қонун нишондода аз болои ҳукми суд шикоят баранд.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *