футбол

Қуръакашӣ дар Куала-Лумпур: Ҳарифони Тоҷикистон маълум мешаванд

Рӯзи 12-уми январ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё воқеъ дар шаҳри Куала-Лумпур маросими қуръакашии даври аввали марҳилаи интихобии Бозиҳои олимпӣ-2024 оид ба футбол миёни бонувон баргузор мешавад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар он тими миллии занонаи Тоҷикистон низ рақибони худро пайдо месозад.

Дар даври аввали марҳилаи интихобии Бозиҳои олимпӣ 31 даста ба ҳафт гуруҳ тақсим мешавад: панҷ гуруҳ иборат аз чаҳор даста ва ду гуруҳи дигар иборат аз се даста. Бозиҳои даври аввал аз 3 то 11-уми апрели соли ҷорӣ баргузор мешаванд.

— Ғолибони ҳафт гуруҳ ба даври дуюми интихобӣ роҳ меёбанд, ки онҷо панҷ дастаи беҳтарин дар Осиё — Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Австралия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ба рақобат ҳамроҳ мешаванд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки чаҳор дастаи беҳтарини даври дуюми интихобӣ (се ғолиби гуруҳ ва беҳтарин дастае, ки ҷойи дуюмро ишғол кардааст) дар даври сеюми интихобӣ бо ҳам вомехӯранд. Дар даври ниҳоӣ дастаҳо ба ду ҷуфт тақсим шуда, ду бозӣ — дар хона ва дар меҳмонӣ баргузор мекунанд. Ғолибони ҷуфтҳо ҳақи иштирок дар Олимпиадаи Парижро ба даст меоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *