Қуръакашии даври пешакии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2023
Дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи “Румӣ” қуръакашии даври пешакии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2023 баргузор шуд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Дар даври пешакии Ҷоми кишвар 13 дастаи лигаи аввал ширкат мекунанд. Дар натиҷаи қуръакашӣ шаш ҷуфт: Истаравшан – Душанбе, Шодмон – Парвоз, Сарҳадчӣ – Моҳир, Гулистон – Барқчӣ, Ҳулбук – Панҷшер ва Саройкамар – «Ориён» роҳ ёфтанд. Ғолиби ҷуфти «Саройкамар» — «Ориён» дар даври дуюми пешакӣ бо «Равшан»-и Зафаробод вомехӯрад.
Бозиҳои даври пешакии Ҷоми Тоҷикистон-2023 аз як бозӣ иборат буда, рӯзҳои 31-уми май ва 1-уми июн баргузор мешаванд. Ғолибон ба даври 1/8 финал роҳ меёбанд, ки дар он клубҳои лигаи олии Тоҷикистон вориди мубориза мешаванд.
Бояд гуфт, барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2023 ҳуқуқи муаррифии кишвари моро дар Ҷоми AFC-2024/2025 ба даст меорад. Агар як клуб ҳам қаҳрамони Тоҷикистон ва ҳам соҳиби Ҷоми кишвар шавад, пас дар Ҷоми AFC барандаи медали нуқраи Лигаи олии Тоҷикистон рақобат мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ