Ҳаққонӣ раиси Суди олии Толибон шуд

Ҳаққонӣ раиси Суди олии Толибон шуд «Толибон»( дар Тоҷикистон мамнӯъ) аз таъсиси Суди Олӣ дар Афғонистон хабар дод, гузориш медиҳад «Aamaj News» дар «Twitter».

Бино ба навиштаи манбаъ, Абдул Ҳаким Ҳаққонӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси Суди Олӣ ва Муҳаммад Қосими Туркман муовини аввали ӯ таъйин шудааст. Муовини дувуми раиси суд Мавлавӣ Абдулмалик будааст. Ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон аввали моҳи сентябр эълон шуд. Онро Муҳаммад Ҳасан Охунд сарварӣ мекунад, ки дар замони ҳукмронии аввали «Толибон»* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *