Хабиб

Ҳабиб Нурмуҳаммадов ММА-ро тарк мекунад

Қаҳрамони собиқи UFC дар вазни сабук, яке аз ситораҳои асосии таърихи MMA Ҳабиб Нурмуҳаммадов саноати муҳорибаи омехтаро тарк мекунад.

РИА “Новости” дар бораи тасмими душвор ва сабабҳое гуфтааст, ки ӯро ба он водор карда метавонанд.

«Даҳ сол пеш андешаи ман дар бораи баъзе чизҳо дигар буд. Ман мехостам чемпион шавам, то сарватманд шавам ва ҳама чизро харидорӣ намоям. Аммо ҳодисаи ду соли охир маро дигар кард. Тафаккурам дигар шуд. Падарам бо ман нест ва ҳоло дар ин ҷо истода, дар бораи он суҳбат кардан хеле душвор аст. Ин барои ман як лаҳзаи хеле ҳассос аст. Мехоҳам баъд аз ин бештари вақти худро бо оилаам гузаронам»,- гуфтааст Ҳабиб.

Сарфи назар аз он, ки карераи Ҳабиб дар соли 2020 ба охир расид, соли 2022 яке аз беҳтаринҳо дар варзиши ватанӣ гардид. Нурмуҳаммадов ба UFC шомил карда шуд, ки ин мукофоти сазовор барои рекорди мукаммал ба ҳисоб мерафт.

Бояд гуфт, ки Ҳабиб дар фаъолияти варзишии худ 29 набард анҷом дода, боре ҳам мағлуб нашудааст.

Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *