Ҳабси ду масъули маркази дилхушӣ дар Бохтар
Дар шаҳри Бохтар ду масъули маркази дулхуширо ба ҳасби маъмурӣ гирифтанд. Онҳо тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, ки шаби 28-май соли равон, дар доираи як чорабинии мақсаднок масуъилини маркази дилхушии «Лион» ва «Рауфӣ» ҷиҳати риоя накардани қоидаи кории шабона ва халалдор кардани оромии сокинони гирду атроф ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуданд.
Раёсати мавриди назар одоби шаҳрдорӣ, қоидаҳои санитарию гигиенӣ, вайрон накардани тартиби реҷаи корӣ ва халалдор насохтани оромии шаҳрвандонро муҳимтарин талабот ва ӯҳдадории ҳар як соҳибкор зимни пешбурди фаъолияти хизматрасонӣ, махсусан дар қисмати шабона гуфтааст.
Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба Фирдавс Бобоалиев, раиси маркази дилхушии «Рауфӣ» ва Абдулвоҳид Алимов, маъмури маркази дилхушии «Лион» протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди шаҳри Бохтар ирсол карда шуд.
29 майи соли ҷорӣ Суд барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва иҷро накардани талаботи қонунии кормандони милитсия ҷиҳати батанзимдарории фаъолияти марказҳои дилхӯшӣ аз рӯи талаботи қонунгузорӣ нисбати ҳар кадоми онҳо ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин намудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ