ИДМ

Ҳадяи ангуштарӣ ба сарони кишварҳои ИДМ (аудио)

Ба сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ангуштарӣ ҳадя кардаанд.

Дар ин бора канали телеграммаи “Пул Первого”  хабар додааст. Дар ангуштариҳои туҳфашуда рамзи ИДМ ҳаккокӣ гардида, дар дохилаш «Соли нави 2023 муборак» навишта шудааст.

Дар саммити ғайрирасмӣ дар шаҳри Санкт-Петербург роҳбарони Белорус, Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Арманистон ширкат карданд.

Ёдовар мешавем, ки саммити ғайрирасмӣ рӯзҳои 26- 27 декабр баргузор гардид. Владимир Путин, президенти Русия гуфт, ки миёни кишварҳои узви ИДМ гуногунандешӣ вуҷуд дорад, аммо «онҳо омодаи ҳамкорӣ ҳастанд».

Инчунин, рӯзи 27 декабр дар Осорхонаи русӣ барои роҳбарони ИДМ субҳона таҳия кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *