Ҳаким Ашӯров: Мушкилоти КМ “Зарафшон” аз байн рафт
Корхонаи металлургии мисгудозӣ дар шаҳри Панҷакент расман ба фаъолият оғоз кард. Дар кушодашави ин корхона, ки тобеи ҶДММ Корхонаи муштараки “Зарафшон” аст, ҳафтаи гузашта Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.
Бо Абдуҳаким Ашӯров, муовини директори генералии ҶДММ Корхонаи муштараки “Зарафшон” ва ҳамзамон намояндаи расмии Ҳукумати Тоҷикистон оид ба аҳамият ва иқтидори ин корхонаи нави саноатӣ суҳбате анҷом додем.
— Ҳамагӣ чанд рӯз пеш корхонаи металлургии мисгудозӣ ба истифода дода шудааст. Бигӯед, аҳамияти ин корхона дар чист ва чӣ нақше дар рушди саноат гузошта метавонад?
— Ин корхона 5-уми июл дар идомаи сафари кории Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Корхонаи металлургии мисгудозӣ дар масоҳати хеле калон бунёд шудааст. Он аз пойгоҳи кислороди адсербтсионӣ, коргоҳи обтозакунию коркарди дубораи партов, полоишгоҳ иборат буда, дорои дастгоҳҳои пуриқтидори истеҳсолӣ аст. Корхонаи мазкур дар доираи амалишавии нақшаҳо дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — “Саноатикунонии босуръати кишвар” бунёд гардида, дар он 300 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд. Дар коргоҳи мазкур истеҳсоли миси стандарти катодӣ ба роҳ монда шуд.
— Иқтидори корхона чӣ қадар аст?
— Корхона иқтидори коркарди 165 ҳазор тонна консентрати дорои мис ва тиллоро дар як сол дорад. Маҳсулоти ниҳоии аълосифатро аз он истеҳсол менамояд. Аз ин миқдор консентрати коркардшуда дар навбати аввал 4,5 ҳазор тонна миси катодӣ, ҳамчунин ба миқдори муайян тилло ва нуқра истеҳсол карда мешавад. Бояд гуфт, ки то ин муддат хокаи консентрати дорои мис ҳамчун ашёи хом ба дигар давлатҳо барои коркарду истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ содирот карда мешуд. Акнун ин вобастагӣ аз байн рафт. Дар оянда миси катодии истеҳсолгардида чун маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда пешниҳоди харидорон карда мешавад.
— Умуман, бартарии ин корхона дар чӣ аст?
— Якум, корхонаи мисгудозии ширкати муштараки “Зарафшон” бо муосиртарин технологияи ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст.
Дуюм, хатҳои истеҳсолии он дар минтақа назир надоранд.
Сеюм, тибқи баҳогузории байналмилалӣ ба талаботи “Иқтисоди сабз” мутобиқ мебошад.
Чорум, дар як коргоҳ якбора мис ва тилло ҷудо карда мешавад.
— Магар қаблан чунин таҷрибаву имконият вуҷуд надошт?
— Ин таҷриба дар бахши металлургияи ҷаҳонӣ аввалин бор амалӣ гардид. Инчунин, ин аз лиҳози экологӣ ҳам бартариятҳои зиёд дорад. Ҳангоми коркард хокаи дорои мис, тилло ва нуқра дар ҳарорати то ба 220 дараҷа гармӣ тариқи автоклавӣ бо оксигени фишурда тафсонида мешавад. Ба ин восита моддаҳои ба муҳити зист зиёновар, аз ҷумла МИШ-1 (марги муш) ва сера ба таври табиӣ пурра безарар мегардад. Нахустин маротиба ин технология дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.
— Пас, бехатарии аҳолии атрофи корхона низ таъмин гардид?
— Бале. Дар назди корхона бахши алоҳидаи рейтсиклингии партовҳои сианитдор ва ё коркарди такрорӣ бунёд гардидааст. Яъне, пасмонда ва ё партови ашёи хоми коркардшуда аз сари нав барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ истифода мешавад. Ин имконият медиҳад, ки ашёи хом пурра коркард шавад.
Бояд гуфт, ки партовҳои сианитдор дар гузашта муддати тӯлонӣ ҳамчун партовҳои зараровар дар назди корхона боқӣ мемонданд. Ифтитоҳи коргоҳи нав ин мушкилотро аз байн бурд.
— Маҳсулоти хомро ба корхона аз куҷо дастрас менамоед?
— Барои истеҳсоли миси стандарти катодӣ консентрати кони “Таррор” истифода бурда мешавад. Барои фаъолияти босамари ин коргоҳ кони мазкур захираи зарурии ашёи хомро доро мебошад. Ҳамчунин, дар оянда ашёи хом барои коркард аз дигар конҳои ҳудуди ҷумҳуриву хориҷи кишвар низ ворид карда мешавад.
— Оё фаъолияти шашмоҳаи Корхонаи муштараки “Зарафшон” ҷамъбаст шуд? Дастовард чист?
— Бале. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ Корхонаи муштараки “Зарафшон” зиёда аз 2,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Дар ин давра ҳамчунин истеҳсоли хокаи бойгардонидашуда 23,1 ҳазор тоннаро ташкил дод. Ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта ба 18,4 ҳазор тонна баробар буд.
Мусоҳиб:
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ