Ҳалокати 236 нафар бар асари 539 садамаи нақлиётӣ дар 6 моҳ

Дар нишасти матбуотие, ки ҳафтаи сипаришуда дар ВКД баргузор гардид, гуфта шуд, садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон ҳар рӯз ҷони 1 нафарро гирифта, 3  каси дигарро захмӣ кардаанд.

Тавре омор нишон додааст, бар асари 539 садамаи нақлиётӣ 236 нафар ба ҳалокат расида, 570 нафар ҷароҳат гирифтаанд. Теъдоди садамаҳо дар муқоиса ба 6 моҳи соли 2023 тақрибан 12 дар сад афзудааст, теъдоди захмиён 13 дар сад ва шумораи ҷонбохтагон аз 22 дар сад бештар будааст.

Тавре Ғайраталӣ Саидзода, намояндаи Идораи бозрасии давлатии автомобилӣ  дар нашрияи ВКД “Қонун ва ҷомеа”  мегӯяд, бештари садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳои шаҳри Душанбе то маркази вилояти Хатлон, роҳи Душанбе-Чаноқ, ноҳияҳои тобеи марказ ба вуқӯъ мепайванданд.  Масалан, рӯзи 24-уми июл дар як садама дар роҳи Душанбе-Чаноқ ,дар ноҳияи Мастчоҳ 7 кас аз ҷумла 5 узви як оила ҳалок шуданд.

Ғайраталӣ Саидзода гуфтааст: “Баланд кардани суръати ҳаракат дар роҳ, ҳангоми мастӣ рондани воситаи нақлиёт, набастани тасмаи бехатарӣ, суҳбати телефонӣ ҳангоми ронандагӣ, аҳамият надодан ба пиёдагардон аз ҷумлаи сабабҳоест, ки сурати пешгирӣ аз онҳо метавон, пеши роҳи ҳодисаҳои нохушро гирифт ва бехатарии ҷони худ ва дигаронро таъмин созем.” Бино ба омори расмӣ дар Тоҷикистон дар севуним соли гузашта дар садамаҳои нақлиётӣ тақрибан 2000 нафар ҷон дода, ҳазорон нафари дигар захмӣ шудаанд. Сеяки ҳалокшудагон дар садамаҳои нақлиётӣ дар кишварро афроди фаъоли қобили кор ва аз 26-40-сола дода медиҳанд ва тақрибан 20 фоизи осебдидагон маъюб мешаванд. Агар ин рақамҳоро чун қурбонӣ  дар ҷанги роҳ гӯем, дар ҳар шаш моҳ як баталон сарбоз пурра нест карда мешавад. Тавре ин афсар иқрор мешавад,  на танҳо суръати баланд ва беэътиноӣ ба қоидаву қонуни ҳаракат дар роҳҳоро сабаби маргумири зиёд медонанд. Мошинҳои кӯҳна, роҳҳои ноҳамвори кӯҳӣ, беэътиноӣ ба дониши ронандагон ҳангоми имтиҳонгирӣ дар мактабҳои ронандагӣ низ дар ин мусибатҳо нақш доштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *