Ҳалокати 5 нафар аз заҳролудшавии ғизо дар Шаҳритус

Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шоми 2-юми май аз заҳролудшавии 9 нафар дар ду оила хабар дод.

“Панҷ нафар ба ҳалокат расида, 4 нафари дигар дар ҳолати вазнин дар шуъбаи эҳёи беморхонаи ноҳиявӣ қарор доранд. Ҳодиса таҳқиқ мешавад”,- хабар медиҳад КҲФ.

Гуфта мешавад, ки ҳамаи заҳролудшудагон сокинони деҳаи Холматови ноҳияи Шаҳритус буда, ҳалокшудагон Муҳайё ва Миҷгона Авазалиеваҳо бо се кӯдакашон мебошанд.

Тафсилоти дигар дар хабари КҲФ оварда нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи апрел дар натиҷаи заҳрорлудшавӣ аз консерва 4 узви як оила, ба шумули модар ва се фарзанди ноболиғ, сокинони шаҳри Панҷакент ҳалок шуда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *