Ҳалокати 6 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Шаш узви як оила дар шаҳри Душанбе бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон бохтаанд.
Ҳодиса шаби 27- уми феврал, дар кӯчаи «Гранзавод»-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт рух додаааст.
Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон 29-уми феврал ин хабарро ба «Озодӣ» тасдиқ карданд.
Ба иттилои ин кумита, шаш узви як оила — падар, модар ва 4 фарзанди онҳо бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ғализи ангишт ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамаи онҳо шаб заҳролуд шуда, вале соати тақрибан 11-и рӯзи 28-уми феврал ҳамсояҳо аз ин фоҷеа огоҳ шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ