Ҳалокати ду куҳкан дар кони “Ангишти Шӯроб”

27-уми марти соли равон дар кони ”Ангишти Шӯроб”, воқеъ дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфараи вилояти Суғд аз ихроҷи гази карбон ду нафар куҳканҳои ин кон ҷон додаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз онҳо 45 ва дуюмӣ 57 сол доштааст.

Гуфта мешавад, ки ба ҷойи ҳодиса фавран як взводи Хадамоти ҷумҳуриявии ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ — куҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фиристода шудааст. Онҳо ҷасади ҳалокшудагонро аз кон берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурдаанд. Ин ду нафари ҷонбохта сокинони шаҳри Исфара будаанд.

Комиссияи Хадамоти назорати бехатарӣ дар саноат сабабҳои фоҷеаро таҳқиқ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *