Ҳалокати ду нафар дар Данғараву Шуғнон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ аз ду ҳодисаи нохуш дар Данғараву Шуғнон, ки сабаби марги ду нафар гардид, хабар дод.

Бино ба маълумоти манбаъ, субҳи 16-уми июн як сокини 63-солаи деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара ҳангоми ҷорвочаронӣ дар минтақаи куҳистони Зоғкалони деҳаи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ба ҷарии умқаш тақрибан 800 метр сарозер шуда, дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.

Ҳамчунин, нисфирӯзии боз ҳам ҳамин рӯз мошини «Toyota RAV4», ки аз ҷониби як сокини 43-солаи деҳаи Спинзи деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон идора мешуд, ҳангоми аз шаҳри Душанбе ба Хоруғ раҳсипор шудан дар ҳудуди деҳаи Шидзи деҳоти Абдулвосиев ба дарёи Панҷ сарозер шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса ронандаро наҷот медиҳанд, вале зани 39-солаи ҳамроҳи вай то ҳол бедарак аст. Ҷустуҷӯи мусофири ғарқшуда идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *