Ҳалокати як мусофир дар натиҷаи чаппа шудани мошин дар Данғара
Хадамоти матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки бар асари чаппа шудани як мошин дар ҳудуди ноҳияи Данғара як мусофири он ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ гузориш медиҳад, ки бегоҳии 23-юми май Элбек Ҷӯраев, ронандаи маошини тамғаи “Тайота Хайлюкс”, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара аз уҳдаи идораи мошин баромада натавониста, дар канори чапи роҳ мошинро чаппа кардааст.
Бино ба дарёфти маълумот дар натиҷаи садама мусофири автомашинаи мазкур Гулнора Саидбобоеваи 61-сола, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ