Ҳалокати як пиёдагард дар назди бинои “Шарқи Озод”
ВКД аз як садамаи нохуши нақлиётӣ дар назди бинои “Шарқи Озод”, ки бар асари он як пиёдагарди шахсияташ номаълум ҳалок гардидааст, иттилоъ дод.
Тибқи иттилои манбаъ, шоми 23-юми апрел автомашинаи тамғаи “Лексус-АС 250”, ки таҳти идораи сокини шаҳри Душанбе Қувватов Анушервон, соли таваллудаш 2002 буд, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Айнӣ ба кӯчаи Н. Қарабоев, дар рӯ ба рӯи бинои “Шарқи Озод” (ГЖК) пиёдагардеро, ки шахсияташ номаълум буда, тахминан 50-55-сола менамояд, пахш намудааст.
Иллати пахш карданро кормандони БДА идора карда натавонистани автомашина аз ҷониби ронанда арзёбӣ карданд.
“Дар натиҷа, пиёдагарди шахсияташ номаълум ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”,- омадааст дар хабар.
ВКД таъкид кард, ки нисбати ин садама тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ