Ҳамқадам бо Президент? Даҳҳо монеаи рушди Тоҷикистон

Истиқлолияти кишвар се марҳила ва ё се даҳсоларо тай намуда, ба синни 30-солагӣ расид.  30 соли худшиносӣ, 30 соли созандагиву бунёдкорӣ. Ва ҳар даҳсолаи соҳибистиқлолӣ, барои мардуми кишвар ҳамчун марҳилаҳои сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории тоҷикон сабт гашта.

 Мушкилтару вазнинтар аз ҳама марҳилаи аввал — аз соли 1991 то соли 2000-умро дар бар мегирад, ки дар ин давра ҳам вазъи сиёсӣ ва ҳам вазъи иқтисодӣ нобасомон ба назар мерасад. Буҷети холӣ аз маблағ, фаъол набудани корхонаҳои истеҳсолӣ, бенизомиҳои низомиён, дар маҷмуъ ин ҳама садди пешрафти рушди кишвар гашта буд.

Аммо ин марҳиларо метавон ҳамчун марҳилаи заминасоз ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба вазъи сиёсиву иҷтимоиву иқтисодии мамлакат маънидод кард. Баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаи асосиро ҷиҳати рушду шукуфоии кишвар фароҳам овард: Оташи ҷанг хомӯш ва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба тасвиб расид, гурезаҳо ба Ватан баргаштанд, вайронаҳо обод шуданд, марҳилаи азнавсозии давлату миллат фароҳам омад. Дигар дар дохили кишвар низомиёни сару сомоназдастдода имкону тавони даст задан ба ҳар гуна худсариҳоро надоштанд. Бо ташаббуси Сарвари давлат, буду боши низомиён дар маркази пойтахт коҳиш ёфт.

Марҳилаи аввали соҳибистиқлолиро метавон ҳамчун сарсухани китоби Истиқлолияти кишвар маънидод кард ва он роҳро ҷиҳати расидан ба Истиқлолияти комил фарох намуд.  

Мусаллам аст, ки бо фароҳам овардани заминаҳои хуби иқтисодӣ, низоми боарзиши давлатдорӣ рӯйи кор омада, мардум зиндагии шоистаро соҳиб мегарданд. Ҷиҳати ноил шудан ба ҳадаф, бо азму талоши Сарвари навинтихоби тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аввалтар аз ҳама дар сохтори иқтисодиёт ислоҳоти куллӣ ба миён омад, ки чунин ислоҳот заминаи мусоиди ҳуқуқиро ҷиҳати рушди муносибатҳои бозорӣ фароҳам овард ва дар маҷмуъ ин ҳама ба истиқлолияти иқтисодӣ замина гузошт.

Чунончи, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа баҳри тезонидани дигаргуниҳои иқтисодӣ ва гузариш ба муносибатҳои бозорӣ” ва Барномаи ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1995-2000, дар рушду пешрафти иқтисодиёти кишвар дигаргуниҳои ҷиддӣ бахшид. Ҷорӣ кардани асъори миллӣ (рубли тоҷикӣ дар соли 1995), рукне аз ин ислоҳот мебошад, ки чунин иқдом дар болоравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ мусоидат кард.

Дар пайи андешидани чораву тадбирҳои мушаххас, соли 1997 дар Тоҷикистон аввалин маротиба ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) нисбат ба солҳои қаблӣ 4 фоиз боло рафт.

Тавре дар боло ишора кардем, кору пайкор, ҷаҳду талоши ҳамарӯзаи Президенти мамлакат ва мардуми ҷумҳурӣ имкони мусоид фароҳам овард, то дар соли 2000, ки ҳамчун оғози марҳилаи дуюми соҳибистиқлолӣ маънидод мегардад, тадбирҳои нави молиявӣ рӯйи кор оянд. Ягона рукни давлатдорӣ – асъори миллии сомонӣ дар ин сол вориди муомилот гашт, ки ин руйдоди муҳим ҷиҳати расидан ба Истиқлолияти комили иқтисодӣ мусоидат намуд.

 Бо гузашти вақт, рушди ММД-и кишвар аз 4 фоизи солҳои қаблӣ ба 9-10 фоиз расида, даромади Буҷети давлатӣ низ барзиёд иҷро гардид.

 Бо фароҳам омадани корхонаҳои истеҳсолӣ ва зиёд гаштани сарчашмаҳои андозсупорӣ, буҷети давлатӣ ҳамқадам бо Истиқлолият рушд карда, ба 24,3 млрд сомонӣ расонида шуд. Марҳилаи сеюмро метавон ҳамчун марҳилаи рушди сартосарии кишвар маънидод кард. Дар ин марҳила, дар қатори дигар аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар, саноатикунонии сартосарии мамлакат низ зам шуд, ки инро метавон ҳамчун рушди иқтисодиёт арзёбӣ кард.

Тавре аз банду басти буҷети давлатӣ бармеояд, дар мадди аввал афзалияту авлавияти бештар ба соҳаи маорифу тандурустӣ дода шудааст. Зеро ин ду рукни муҳим, омили асосии пешбурди давлатдорӣ ба ҳисоб мераванд. Аммо афсӯс, ки манфиатҷуии иддае аз “БАНДАИ НАФС” як бенизомие дар ин ду соҳа ба бор овардааст: Пулситонӣ аз хонандагону беморон, чашмалонамоӣ ба маблағҳои меъёрии сарикасии соҳаи таълиму тандурустӣ ҳамчун омилҳои коррупсионӣ маънидод мегарданд. Чанд соле қабл, масъулини ниҳодҳои қудратӣ Вазорати маорифу тандурустиро дар феҳристи намоёни муассисаҳои олуда бо фасоди молиявӣ ҷой дода буданд.  Имрӯз ҳам гаҳу ногаҳ  бо фасодкориҳои теъдоде аз масъулини шуъбаҳои маорифу макотиби таҳсилоти умумиву олӣ ва соҳаи тандурустӣ бархурд мекунем, аммо ҷиҳати пешгирӣ аз амалҳои коррупсионии нафспарварон, худро канор мегирем. Ба қавле, намехоҳем барои худ мушкилоти сунъӣ эҷод кунем. Ҳарчанд Сарвари давлат зимни ҳар дидору мулоқот бо кормандони соҳаи иқтисодиёт таъкид мекунанд, ки субот ва шаффофияти молиявӣ дар мадди аввал таъмин гардад, аммо нафси бад сар медиҳаду намедиҳад сар домони теъдоде аз нафспарваронро.

Бенизомии чунин тоифа аз манфиатҷуён аст, ки бино ба натиҷаи санҷиши Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дар фаъолияти молиявии ташкилоту муассисаҳо дар солҳои 2019 – 2020-ум 1,1 млрд сомонӣ маблағ ҳамчун зарари молиявӣ ошкор карда шуда, аз он ба буҷети давлат 693 млн сомонӣ барқарор карда шудааст.

Хонандаи азиз, худ қазоват намо: Кӣ эҷодгари омилҳои коррупсионӣ аст? Албатта, афроде, ки масъулият ба уҳда доранду Ҳукумати кишвар ба онҳо бовар карда вазифаи калидӣ ва ба қавли мардум рӯғаниеро ба уҳдаашон вогузоштааст. Ҳамагон хуб медонанд, ки одитарин масъули муассисае даст ба фасод мезанад ва агар чунин нест, пас зиндагии қашангу мошинаҳои гуногунтамғаи гаронарзиш, хонаву қасрҳои муҷаҳҳаз бо мебелҳои қимат, силсиламағозаву силсилатарбхонаҳо аз кадом ҳисобанд? Чунин зумра аз мансабхоҳи манфиатҷу, ҷиҳати пӯшиши ҳар гуна фасодкориҳояшон ҳама гуна дороиҳою молу сарват ва амволи ғайриманқули худро ба номи хушдоману бародару ҳамсару дигар қавму қабоили худ расман номнавис карда, худро тару тоза ва мусичаи бегуноҳ вонамуд мекунанд.  Аммо магар метавон офтобро бо доман пӯшонд ё даҳони мардумро баст? НЕ!!!

Истиқлоли давлатӣ 30-сола шуд. Бовар дорам, ки дар ин 30 соли соҳибистиқлолӣ агар ҳар масъули давлатӣ заррае ҳам тибқи дастуру гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал мекарданд, мо бештару беҳтар ба дастовардҳои хуби соҳибистиқлолӣ мушарраф мешудем. Аммо не, аксари мо нафсро болотар гузоштем, сиёсати кадриро ба манфиати худу атрофиён роҳандозӣ кардем, беҳтарин мутахассисонро аз худ дур намудем, роҳро барои муҳоҷирати меҳнатӣ фарохтар сохтем, сиёсати маҳалро дар мағзу шуури худ ҷой додем, аз мансабу вазифаҳои худ суиистифода карда, ҳатто дар аксар маворид аз ваколатҳои худ берун шудем, болоравии арзиши газу нефту маҳсулоти бозор заррае ҳам иддае аз моро нигарон насохт ва намесозад… Ва метавон даҳҳо омилҳоеро мисол овард, ки садду монеаи рушди миллат гаштаанд…

Аммо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пайваста аз масъулин талаб мекунанд, то ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум бештар кор кунанд. Фикр мекунам, зумраеро ин суханҳои Сарвари давлат аз гӯше даромадаву аз гӯши дигар берун мешавад. Ростӣ, ки намедонам ин теъдод ҳамқадам бо Президентанд ё ҳамқадам бо худ?! Дар муқобили ин тоифа, шукр, ки теъдоде аз соҳибкорони баномус ва вазирони кордоне (ангуштшуморанд) арзи ҳастӣ доранд, ки дар мушкилтарин лаҳзаҳо бо мардуманд…

Чун эҷоди мушкилот аз ҷониби теъдоде аз масъулин гаҳу ногаҳ ранҷурам месозад, аммо суханҳои умедворкунандаи шахси некбину некрой, узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, собиқадори соҳаи молия устод Карамулло Одилов маро неру мебахшанд: “Ҳар торикиеро ба дунбол рушноиест ва зиндагӣ арсаи ҷаҳду талошу мубориза бо нокомиҳост ва кас набояд аз мушкилот навмед гардад. Ҷаҳду талоши ҳамарӯзаи Сарвари давлат ва ободкориҳо дар пойтахту шаҳру навоҳӣ, худ гувоҳи онанд, ки зиндагӣ маҷрои нав мегирад”.

Бале, дунё ба умед!

Муҳиддин ИДИЗОДА 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *