Ҳамдарди дили халқаму ҳам шоири халқ
Шоири маъруфи тоҷик Шаҳрияи Аҳтамзод 70-сола шуд. Давраи тифлии ӯ дар деҳаи Ширговади ноҳияи Ванҷ гузашта, баъдан мактаби миёнаро дар маркази ноҳия ба итмом расонидааст. Хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко дар риштаи забон ва адабиёти тоҷик аст.
Шаҳрия солҳо дар нашриёти «Маориф» ва нашрияҳои даврии кишвар фаъолият кардааст. Аълочии матбуоти тоҷик аст. Аз ҷавонӣ ба навиштани шеър оғоз намуда, ранҷкашидаҳои қаламаш дар китобҳои «Бӯсаҳои маҳтобӣ», «Шамимаи Нур», «Зан дар асорати танҳоӣ», «Дар канори шеър», «Меҳри шеър», «Таманно», «Ашки шақоиқ», «Таронаи сабз», «Ниёиши Истиқлол», “Бар ман дуо кунед” ва ғайра дастраси хонанда шудаанд.
Шаҳрия воқеан бо завқи баланду табъи болида ба олами ҳастӣ, ба дунёи безаволи суханварӣ ворид шудааст. Ин зани саропо ҳунару истеъдод аз ғаму шодии шахсии худ ва муҳите, ки ӯро иҳота кардааст, сухан мегӯяд. Меҳри ватани маҳбубро пайваста месарояд. Парвози шеъраш бештар ба самти ватандориву ифтихори миллист. Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода аст. Гарчанде Шаҳрия шоири маҳбуби халқ аст, вале то ҳол унвони Шоири халқии Тоҷикистонро нагирифтааст. Ӯ мегӯяд:
Ҳамвора бувад Рӯдакиям нодири халқ,
Дебочаи шеъри Аҷаму моҳири халқ.
Гар «шоири халқӣ»-е набошам, ғам нест,
Ҳамдарди дили халқаму ҳам шоири халқ.
Мо Шаҳриябонуи азизро ба рӯзи мавлудаш табрик гуфта, аз нигоштаҳои наваш як шингил пешкаши хонандагон мекунем.
Бе ҳарфи ишқ як дами беғам намезанам,
Ширинии тапиши дил барҳам намезанам.
Аз ифтихори пучи худ охир шудам фигор,
Бар кокулони худ гули марям намезанам.
Ман хешро сириштаам аз хуни офтоб,
Бар ҷониби касе нигаҳи кам намезанам.
Гар қатрае зи чашмаи шеърам ба лаб чакад,
Лаб ҳеҷ гаҳ ба чашмаи Зам-зам намезанам.
Дар ошиқонаҳои каломи муқаддасам
Ҳарфе ман аз хиёнати Одам намезанам.
Гоҳе пурам зи ҳикмату гоҳе пур аз ҷунун,
Озурда мезанам қадаму дам намезанам.
Таҳминаам, ки сӯхтам аз марги Суҳроб,
Андӯҳи хеш бар сари Рустам намезанам.
Доман такидаам ман аз ин маҳфили газоф,
Ҷуз шеър бо касе дами беғам намезанам.
Хезад зи мисраҳои ман овои дарди ман,
Ҳар мисраам нишонае аз ранги зарди ман.
Мардона аз нигоҳи дилам хон, ту эй азиз,
Дарди маро зи қисмати чун гӯр сарди ман.
Беҳуда умр аз пайи ишқи ту даргузашт,
Таслими ман нагаштӣ, эй беҳудагарди ман.
Майли лабат ба қанди лабам нест ин замон,
Лабро туруш ту кардаӣ аз гашту гарди ман.
Ман ошнои олами рӯъёиям кунун,
Андешаманд гашта дигар қалби фарди ман.
Андар алангаи аламат сӯхтам дигар,
Ҳамвора бод медиҳӣ ин зарра гарди ман.
Ҷӯшу хурӯши ишқ ту дар ман бикуштаӣ,
Бар додгоҳ мекашамат як рӯз, марди ман…
***
Ҷоно, баҳор омаду боз о ба диданам,
Бингар ба роҳи ишқи ту чун гул дамиданам.
Бикшо ба рӯи ман дари сабзи биҳишти ишқ,
Бингар, чу сарв дар чамани дил чамиданам.
Гулғунчаи дилам накунад во дами баҳор,
Н-ояд агар ҳавои ту баҳри шамиданам.
Андоз гӯш набзи маро чун табиби дил,
То бишнавӣ таронаи сабзи тапиданам.
Олучаҳои боғи дилам пухтаасту бин,
Аз хуни офтоб ба сурхӣ пазиданам.
Аз ҳамнишини пучи худ бигрехтам, хушо,
Эй порсой бо ту бувад кай расиданам?
Чашмони худ ба чашми ту бастам ҳамешагӣ,
Бингар аз ин сипеҳри сипанҷӣ рамиданам.
***
Ҷоно, катибаҳои диламро китоб кун,
Шаҳбайти абрӯвони маро интихоб кун.
Бинӣ агар вуболи муҳаббат ба нози ман,
Дар созу сӯзи ишқ ту кори савоб кун.
Ҳарчанд талхкомаму лабташнаи ҳавас,
Ҳар шаб маро ба бӯсаи ширин қимоб кун.
Фардо ба кофтан ту наёбӣ ҳисоби дил,
Имрӯз мӯи бофтаамро ҳисоб кун.
Ҷонам ба оҳи сарди дили зори ман мапеч,
Чун хуни гарм дар тани ман инқилоб кун.
Хоҳад дилам баҳори худ аз тирамоҳи умр,
Аз нав маро шукуфаи аҳди шубоб кун.
Эй бе ту ҳеҷ рӯзи сафедам намерасад,
Боз, о шаби сиёҳи маро моҳтоб кун.
Имшаб, ки Шаҳрзоди ту афсона гӯядат,
Бедор бахти хуфта зи афсуни хоб кун.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ