Ҳамла ба консулгарии Эрон. Теҳрон ваъдаи посухи дандоншикан дод

Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии рӯзи 1-уми апрел ба консулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Димишқ, ки ба Исроил нисбат дода мешавад, ду генерал ва 5 афсари Сипоҳи посдорон ҷон бохтаанд. Эрон хостори нишасти фаврии Шӯрои амнияти СММ шудааст.

Ҳусейн Амирабдуллоҳӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон субҳи сешанбе дар шабакаи Х бо эълони ин хабар навишт, ки паёми муҳиме ба давлати Амрико ба унвони ҳомии Исроил фиристода шуд.

Вазорати корҳои хориҷии Эрон кордори сафорати Шведсия ба унвони ҳимоятгари манфиатҳои Амрико дар Эронро даъват кардааст.

Вазири корҳои хориҷии Эрон гуфт, ки «Амрико бояд посухгӯ бошад».

Пойгоҳи хабарии «Чамарон» аз Муҳаммадризо Зоҳидӣ ба унвони фармондеҳи пешини неруҳои ҳавоии Сипоҳи посдорон ва аз аъзои фаъоли неруҳои «Қудс»-и Сипоҳи посдорон ном бурдааст, ки фармондеҳии ин неру дар Сурия ва Лубнонро бар уҳда доштааст.

Ҳарчанд Исроил беш аз як даҳсола аст, ки ба «пойгоҳҳои вобаста ба Эрон» бо ҳадафи пешгирӣ аз нуфузи низомии Эрон ва муттаҳидони он дар Сурия ҳамла мекунад, аммо ин нахустин бор аст, ки биноҳои вобаста ба Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон ҳадафи ҳамлаи мустақими Исроил қарор мегирад.

Ин амр метавонад нишонае аз печидатар шудани буҳрони Ховари Миёна дар пайи ҷанги Ғазза ва афзоиши амалиёти Исроил дар минтақа бошад. Маълум нест, ки Эрон ба ин ҳамла чӣ гуна вокуниш нишон хоҳад дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *