Ҳамлаи марде ба кӯдакистон дар Чин. Шаш нафар кушта шуданд
Бар асари ҳамлаи марде бо корд ба як кӯдакистон дар вилояти Гуандуни ҷанубу шарқии Чин шаш нафар ба ҳалокат расидаанд.
Бино ба иттилои South China Morning Post, дар пайи ин ҳодиса ҳамчунин як нафар ҷароҳат бардоштааст.
Дақиқ шудааст, ки қурбониёни ин ҷиноят се хонанда, як омӯзгор ва ду волидайн будаанд. Пулис баъди 20 дақиқа ҳамлагари 25-соларо боздошт кардааст.
Бояд ёдовар шуд, ки соли 2019 низ дар Чин марде бо корд ба хонандагони мактаби ибтидоӣ дар музофоти Ҳунан ҳамла карда буд. Дар он воқеа ду хонанда ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаву дар бемористон бистарӣ шуда буданд. Ҷинояткор як сокини 31-солаи маҳаллӣ буд, ки аз ифшои ангезаҳои ҳамла худдорӣ кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ