Ҳамшираи тиббӣ боз як аломати коронавирусро ошкор кард

Ҷулия Фишер, як ҳамшира, ки беморони дорои COVID-19-ро нигоҳубин мекунад, рӯйхати аломатҳои онро тартиб додааст, ки аксарияти онҳо аллакай аз ҷониби мутахассисон маълум ва номбар шудаанд. Дар моҳи март, ин зан худ гирифтори коронавирус шуд ва пас аз чанд ҳафта аҳамият дод, ки мӯи сараш мерезад .

“Вақте ки ман душ қабул кардам, дидам, ки мӯи ман даста даста мерезад. Дар аввал ман фикр кардам, ки ин натаҷаи шампунҳои арзон аст, аммо дере нагузашта маълум шуд, ки ин аз шампун нест «, гуфт ӯ . Фишер он қадар мӯйро аз даст дод, ки аз солим будани ғадуди сипаршаклаш хавотир шуд ва фаҳмид, ки коронавирус метавонад барои ин узв низ хатарнок бошад. Вай бо табибон ва ҳамшираҳои дигари тиббӣ сӯҳбат кард ва маълум шуд , ки бо дигар беморони гирифтори вирус низ ин ҳолат руй додааст. Маълум шуд, ки рехтани мӯй яке аз аломатҳоест, ки дар натаҷаи коронавирус ба амал меояд.

А.А.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *