Ҳавасмандӣ ба ҳамгироии нек байни Тоҷикистону Русия
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сардори Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсони Русия Анна Попова мулоқот намудааст.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дода, меафзояд, ки аз оғози ба қайд гирифта шудани бемории сироятии КОВИД-19 миёни мутахассисони соҳаи тандурустии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия робитаи зич барқарор карда шуда, бо роҳи мубодилаи таҷриба ва татбиқи нақшаҳои саривақтӣ ҳамкорӣ натиҷаи нек додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсони Федератсияи Русия дар замони паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 дар самти дастрас намудани маводи тиббӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон нақши бориз гузоштааст.
— Дар ҷараёни мулоқот оид ба ҷой доштани ҳамгироии нек байни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳавасмандӣ зоҳир карда шуда, барои тақвияти ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии назорати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсони Федератсияи Русия мулоҳизаҳои судманд баён шуданд,- зикр мекунад манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ