Ҳавопаймое, ки замоне дар Тоҷикистон буд, дар Иркутск ба замин афтод

Тавре хабар дода шуд, дар наздикии шаҳри Иркутски Русия  ҳавопаймои Ан-12 ба фалокат дучор шуда буд.

Ҳавопаймо пас аз хабар додани он, ки ба даври дуюм меравад, аз радар нопадид шуд.

Наҷотдиҳандагон сари вақт ба ҷои гум шудани ҳавопаймо рафтанд, аммо мутаасифона пораҳои ҳавопайморо пайдо карданд. Дар ин суқути ҳавопаймо касе зинда намондааст. Ҳайати экипажи ҳавопаймо 7 нафар буд: ду шаҳрванди Русия, ду нафар аз Украина ва се нафар аз Беларус.

Ҳама ҷасадҳо аллакай пайдо шудаанд. Аммо дар болои ҳавопаймои Ан-12 ба ғайр аз 7 аъзои экипаж боз ду нафари дигар ҳам буд. Айни замон ин маълумотҳо тафтиш карда мешаванд.

Яке аз «қуттиҳои сиёҳ»-и ҳавопаймо пайдо шудааст, ки ин барои муайян кардани сабаби садама кӯмак мекунад.

Парвандаи суқути ҳавопаймои Ан-12-ро Кумитаи тафтишотии ду давлат Русия ва Беларус баррасӣ мекунад. Самолёти Ан-12-и Белоруссия аз соли 1968 парвоз мекардааст.

Соли 2014 ин ҳавопаймо ҳудуди як сол дар ихтиёри ширкати «Asia Airways»-и Тоҷикистон қарор дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *