Ҳифзи арзишҳои миллӣ. Посухи Тоҷикистон ба даъвоҳои иғвоангез
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вокуниши мухолифин, созмонҳо ва рӯҳониёни баъзе аз кишварҳоро ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки як банди он ба пӯшидани либос марбут аст, “иғвоангез” номид.
Тарҳи нави қонун моҳи июни имсол қабул шуд. Тибқи он, “овардан, фурӯхтан ва пӯшидану таблиғи либоси ба фарҳанги миллӣ бегона” манъ аст. Агар пештар барои риоя накардани қонуни танзим танҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шуда буд, ҳоло ҷавобгарии ҷиноятӣ илова гардидааст ва аз ҷаримаҳои ҳангуфт то се сол зиндонро дар назар дорад.
Тағйиру иловаҳои ҷадид ба қонун боиси сарусадои зиёде дар расонаҳо гардид. Аз ҷумла рӯҳониёни гурӯҳи тундрави “Толибон” ва мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ тарҳи нави қонунро “дастури манъи сатру ҳиҷоб” унвон карда ва ба “ҷиҳоди зидди” Тоҷикистон даъват намудаанд.
Ҳамин аст, ки рӯзи 13-уми август дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо иштироки дипломатҳои хориҷӣ ва расонаҳои байналмилалӣ брифинге баргузор шуд, ки ҳадафи он шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд.
Фаррух Шарифзода, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар брифинг гуфт, ки ҳадафи Тоҷикистон аз қабули қонун ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирӣ аз ифротгароист.
“Бисёр мутаассифем, ки вақтҳои охир аз ҷониби гурӯҳҳои тахрибкору тафриқаангез дар баъзе манотиқи ҷаҳон, ки пешрафту шукуфоии кишвари моро намеписанданд, изҳори ақида ва ҳатто амалкардҳои носолим сурат мегирад”,- гуфт ӯ.
Шарифзода гуфт, ки ҳадафи тағйирот ба қонуни мазкур “барои нигоҳ доштани асолати арзишҳои динӣ равона шудааст”.
“Ин гурӯҳҳо муғризона, беасос ва манфиатҷӯёна шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Гӯё дар Тоҷикистон пӯшидани сатр, ҳиҷоб манъ бошад ва анҷоми фароизи ҳаҷ маҳдуд гаштааст. Вобаста ба ин бояд арз намоям, ки ин ҳарфҳо ягон асос надоранд”,- гуфт Шарифзода.
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар ин нишаст зикр кард, ки қонуни мазкур на маҳдуд кардани озодиҳои динӣ, балки чораи пешгирӣ аз ифротишавист: “Ҳамаи корпусҳои дипломатӣ хуб медонанд, ки дар кишварҳояшон бо либоси миллӣ меъёрҳои шаръӣ риоя мешавад. Дини мубини ислом кадом намуде, ранге ё мӯде муайян накардааст, барои сатри зани мусалмон”,- гуфт номбурда.
Мудири Маркази исломшиносии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқзода меъёрҳои қонуни танзим ва масъулият дар тарбияи кӯдакро ба табиати давлати демкоратӣ мувофиқ донист.
“Қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ва ҳам қонуни танзими ҷашну маросим пурра ба талаботи Конститутсия ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мувофиқат мекунад”,- гуфт ӯ.
Холиқзода ҳамчунин гуфт: “Вобаста ба масъалаи бамиёномада ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуне, ки қонеъ намудани эҳтиёҷоти динии шаҳрвандонро маҳдуд месохта бошад, қабул нагардидааст. Ба шахсони ҳангомаҷӯй бояд посух дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди 4000 масҷиди марказӣ, ҷомеъ ва панҷвақта озодона фаъолият намуда, ба 2500 нафар намозгузорон 1 масҷид рост меояд, ки ин нишондиҳанда дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал меистад”.
Директори Маркази исломшиносӣ вобаста ба масъалаи ба истилоҳ «манъи сатру ҳиҷоб» гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз асли масъала огоҳ карда шавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи «манъи сатру ҳиҷоб» вуҷуд надошта, балки баръакс, дар сатҳи давлатӣ, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав масъалаи ҳифзи фарҳанги миллӣ баррасӣ гардидааст, ки чунин иқдом дар ҷаҳони ислом аввалин буда, қобили таҳсин аст.
Д. ҚОДИРПУР
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ