Ҳисор: Фазои сармоягузории муътадил таъмин аст

Дар нимсолаи якуми соли 2024 Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои амалигардонии ҳадафҳои рушди устувор, афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои давраи то соли 2030 нигаронида шудааст, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Ҳисор, суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти минтақавӣ ба 114,0% баробар гардида, супориши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шудааст.

Соҳаи
иқтисодӣ
Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда,
млн сомонӣ
Таносуби ҳиссаҳои истеҳсол (%) дар 12 моҳ
Ба 01.07.2023Ба 01.07.2024%
Саноат137,5141,5102,97,0%
Кишоварзӣ392,8405,7103,320,1%
Сохтмон88,3102,3116,05,1%
Савдо1054,81267120,062,7%
Хизматрасонӣ102,2104,4102,05,2%
Ҷамъ дар шаҳр1775,62020,9114,0100%

Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр 101,9% (нисбат ба нақша 2,75 млн сомонӣ зиёд) иҷро гардида, 148,6 млн сомониро ташкил додааст, ки фаъолияти мунтазами муассисаҳои иҷтимоии шаҳр таъмин карда шуда, маблағи нафақа, музди меҳнати кормандони буҷетии шаҳр пурра пардохт гардида, қарздорӣ аз музди меҳнат мавҷуд нест.

Шумораи субъектҳои андозсупоранда 8970 адад буда, 218 адад зиёд, сармояи мустақим +17,7 млн сомонӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта (соли 2023 маблағи 76,4 млн сомонӣ) зиёд гардида, фазои сармоягузории муътадил дар шаҳр таъмин гардидааст.

Дар ин давра 1732 ҷойи корӣ таъсис дода шуда, аз он 376 ҷойи кори доимӣ мебошад.

Маблағгузории 7 лоиҳаи инвеститсионии барномаи сармоягузории давлатӣ барои солҳои 2021-2025 дохил гардида, 5,8 млн доллар таъмин шудааст.

Дар 89 адад корхонаҳои фаъолиятдошта суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ 102,7%-ро ташкил дода, аз ҳисоби саноати коркард 101,7%, тақсимоти неруи барқ 94,7% ба амал омада, рушди саноати истихроҷи маъдан 121,2%-ро ташкил додааст.

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда

Соҳаи иқтисодӣДар шаш моҳи соли 2023Дар шаш моҳи соли 2024Нисбати соли 2023
Млн сомонӣМлн сомонӣ%
Саноати истихроҷи маъдан1,71,9112,8
Саноати коркард102,1103,4101,3
Тақсимоти барқ32,835,2107,4
Таъминоти об0,91,0108,9
Ҳамагӣ137,5141,5102,9

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Ҳисор 2 адад корхонаҳои саонатии аз фаъолият бозмонда — корхонаи дӯзандагии ҶДММ “Соҳибтиҷорат” (собиқ корхонаи ҶДММ “Камрок интернешнл”) ва корхонаи истеҳсоли хишт ҶДММ “Хишти Маҳмад” (собиқ корхонаи ҶДММ “Азим 2014”) фаъолияти худро оғоз намудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Ҳисор 5 адад корхонаҳои саноатӣ бо шумораи 57 нафар корманд таъсис дода шудааст.

Суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 103,3% (405,7 млн сомонӣ) таъмин гардидааст, ки ба соҳаи растанипарварӣ 103,5% ва ба соҳаи чорводорӣ 103,0% рост меояд.

Дар ҳудуди шаҳр 16 адад гармхонаҳо дар майдони 7,81 гектар дар самти парвариши сабзавот ва 59 адад лиму-парваришгоҳ дар майдони 3,38 гектар фаъолият дошта, аз он 95,7 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ карда шудааст.

Барои таъмини бозори дохилӣ ва берунӣ дар 42 адад (нисбати соли гузашта 3 адад зиёд, 1 адад  дар ҷ/ш Ҳисор, 1 адад дар ҷ/д Навобод ва 1 адад дар ҷ/д Хонақои Кӯҳӣ) сардхонаҳои шаҳр барои 9805 тонна маҳсулоти кишоварзӣ имконияти захира доранд.

Ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар 1171,35 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки асосан маҳсулоти мевагиҳо, аз ҷумла 3483,88 тонна ангур, 105,65 тонна лимон, 145,97 тонна хурмо, 59,0 тонна олу, 286,82 тонна зардолу ва 40,8 тонна гелос мебошад. Сабзавот содирот нашудааст.

Барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин аз 120 гектари банақшагирифташуда 105 гектар беҳтар ва дар ҷамоати деҳоти Ориён наҳри Қизилдашт бо дарозии 10 км аз нав тоза карда шуда, бо ҷалби маблағи буҷаи маҳаллӣ 133 ҳазор сомонӣ ва ҳақи пардохти хизматрасонии об 27 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои рушди соҳаи маориф оид ба таҳсилоти босифат ва устувор гардонидани пояҳои моддию техникӣ аҳамияти хоса зоҳир гардида, сохтмони муассисаҳои таълимӣ барои 420 нафар хонанда дар маҳаллаи 8-уми шаҳр, барои 168 нафар хонанда дар деҳаи Зиракӣ ва барои 168 нафар хонанда дар деҳаи Тутака идома дорад. Инчунин, сохтмони муассисаи томактабии хусусӣ дар ҷамоати деҳоти Ҳисор оғоз гашта, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Дар ин давра сохтмони бинои нави иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№6, 44, 50, 101 ва 102 тибқи лоиҳаҳои хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, 48 адад маркази инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ ташкил карда шуда, 1200 нафар кӯдакон фаро гирифта шудаанд.

Бо ташаббуси МИҲД-и шаҳр ва дастгирии соҳибкорон 590 ҳазор дона хишт барои сохтмони 81 адад синфхона, 3 утоқи корӣ ва 1 маҷлисгоҳ пешбинӣ гардида, то ба имрӯз 93 ҳазор дона хишт ба муассисаҳои таҳсилотии шаҳр дастрас шудааст. Ҷамъ, дар давоми шаш моҳи соли 2024 сохтмони 129 синфхонаи иловагӣ ба нақша гирифта шуда, дар онҳо корҳои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ва корҳои сохтмонӣ рафта истодааст.

Сохтмони бинои нави Мактаби санъати бачагонаи мусиқии ба номи Саид Ҳамроев бомаром идома дорад.

Аз фонди манзили ҷамоатҳои деҳоти Деҳқонобод, Мирзо Ризо ва Алмосӣ 38 нафар омӯзгорон бо қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин гардидаанд.

Аз шаҳри Ҳисор дар олимпиадаи фаннӣ зиёда аз 450 нафар хонандагони синфҳои 5 ва 11 иштирок намуда, сазовори 201 ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва 48 ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Дар даври минтақавии олимпиада 201 нафар хонадагони шаҳри Ҳисор ғолиб омада, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд.

Дар олимпиадаи байналмилалии “ИҶО — 2024”, ки дар давлати Қазоқистон баргузор гардид, хонандагони филиали Литсей-интернати Ҳотам ва ПВ сазовори 6 адад медал гардидаанд.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ дар олипиадаи ҷаҳонии “СМО-24”, ки дар давлати Русия баргузор гардид, хонандаи синфи 9-и филиали Литсей-интернати Ҳотам ва ПВ Сафаров Олимҷон дар байни хонандагони 55 давлати дунё сазовори ҷойи сеюм гардида, ба гирифтани медали биринҷии олипиадаи ҷаҳонӣ муваффақ шудааст.

Барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои рушди соҳаи тандурустӣ оид ба ҳаёти солим ва некуаҳволӣ чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Дар соли ҷорӣ ба сохтори тандурустии шаҳр дар умум 18,61 млн сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Маблағгузории сохтмони бинои беморхонаи пӯст идома дода шуда, 954 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки ба ҳолати имрӯза 54% корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудаанд (ҳамагӣ маблағи сохтмон 3,8 млн сомонӣ, иҷро 1,4 млн сомонӣ, боқӣ мондааст 2,4 млн сомонӣ).

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор барои сохтмони бинои бунгоҳи тиббӣ ва 1 дорухона дар деҳаи Ҳофизкадаи ҷамоати деҳоти Алмосӣ 20 000 дона хишт ва барои сохтмони бинои бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Лолазор 20 000 дона хишт ҷудо гардидааст.

Бинои Маркази саломатии деҳотии Суғдиён, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, аз ҷониби ҶДММ “Фардои нек-М” сохта ба истифода дода шудааст.

Сохтмони бинои нави беморхонаи марказӣ барои 205 кат аз буҷети ҷумҳурӣ идома дода шуда, соли ҷорӣ ба маблағи 5 млн сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардидаанд (оғоз соли 2013, маблағи умумӣ 64 млн сом, иҷро 36 млн сомонӣ).

Аз фонди манзили ҷамоатҳои деҳоти Деҳқонобод, Мирзо Ризо ва Алмосӣ 26 нафар табибон бо қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин гардидаанд.

Соли равон дар миқёси шаҳр бо усули деҳа ба деҳа 226 (119/107) маротиба мусобиқаҳои варзишии волейбол ва гӯштини миллӣ гузаронида шуда, аз ҷумла 640 нафар иштирокчии волейбол ва 1134 нафар иштирокчии гӯштини миллӣ, ҳамагӣ 1774 нафар ширкат варзидаанд.

Дар асоси нақшаи чорабинӣ мусобиқаҳои варзишӣ байни ташкилоту муассисаҳо аз намуди футбол ва шоҳмоту шашка байни кормандон баргузор гардида истодааст. Дар соли равон дар миқёси шаҳр 76 маротиба мусобиқаҳои варзишии футбол ва шоҳмоту шашка гузаронида шуда, дар умум 1414 нафар иштирокчӣ ва аз он 574 нафар шоҳмоту шашка ва 840 нафар аз футбол ширкат варзидаанд.

Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори 69 адад медал (30 тило, 18 нуқра, 21 биринҷӣ) гардидаанд.

Аз ҷониби ҳунармандону ҳаваскорон ва санъаткорони шаҳр бахшида ба иду солгардҳо ва санаҳои муҳими таърихию фарҳангӣ 480 адад чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бо иштироки 121 ҳазору 470 нафар баргузор гардидааст.

Дар шуъбаи фарҳанги шаҳр гурӯҳи ансамбли эстрадӣ ташкил карда шуда, бо маблағгузорӣ аз буҷети маҳаллӣ асбобҳои эстрадӣ харидорӣ карда шудаанд.

Барои мактаби санъати ба номи Саид Ҳамроев як қатор асбобҳои мусиқӣ харидорӣ карда шуда, аз ҷониби шахсони фарҳангдӯст ба шуъбаи фарҳанг асбоби мусиқии аврупоии Роял туҳфа гардидааст.

Барои азнавсозии мактаби санъати шаҳр, ки бинои он дар ҳолати фарсуда қарор дошт, корҳои сохтмонӣ оғоз гардидаанд.

Муҷассамаи “Модар” дар Боғи фарҳангию фароғатии шаҳр барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ барқарор карда шуда, чорабиниҳои ҳукуматӣ дар назди ин муҷасама гузаронида шудаанд.

Дар натиҷаи корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар муассисаи давлатии ҷумҳуриявии “Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор” зиёда аз 200 бех ниҳолҳои сояафкан ва 2 ҳазор гулҳои гуногун шинонида шуда, амфитеатри он пурра таъмир ва рангубор карда шуда, дар гирду атрофи Амфитеатр се дона чароғпояи дигар рангубор карда шудааст.

Барои муарифии мероси ниёгонамон ба ҷаҳониён муҷассамаи “Гӯсфанди Ҳисорӣ” дар ҳудуди шаҳри Ҳисор гузошта шуда, бо гузаронидани конференсияҳои илмӣ заминаи ворид намудан ба феҳристи “Низоми мероси кишоварзии дорои аҳмияти ҷаҳонӣ” гузошта шуд. Дар соли ҷорӣ дар шаҳр баргузории конференсияи байналмилалӣ дар назар аст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор 15274 нафар сайёҳон аз дохилу хориҷи кишвар ташриф овардаанд, ки аз ин  3834 нафар меҳмонон аз хориҷи кишвар мебошанд.

Дар осоишгоҳҳои Шоҳамбарӣ — 2050 нафар, аз ин 430 нафар хориҷӣ, Чашмаи Шоҳамбарӣ — 235 нафар, Сангчашма — 325 нафар, аз он 25 нафарашон ройгон, Оби Сангчашма — 9321 нафар, аз ин 1284 нафар хориҷӣ, Сатурн — 550 нафар, аз ин 12 нафар хориҷӣ ба истироҳату табобат фаро гирифта шудаанд.

Дар Меҳмонхонаи Усто Набот — 1031 нафар, аз ин 64 нафар хориҷӣ, меҳмонхонаи Даҳбед — 335 нафар, аз он 42 нафар хориҷӣ, истироҳатгоҳи Грин Вуд Хаус — 860 нафар, аз он 180 нафар хориҷӣ ва дигар инфрасохторҳои хизматрасон, аз қабили тарабхонаҳо, ошхона ва маҷмааҳои хизматрасон — 39042 нафар сайёҳон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд.

Дар умум, дар давраи ҳисоботӣ ба шаҳри Ҳисор 69023 нафар сайёҳон барои сайру саёҳат ворид гардидаанд, ки аз он 5300 нафарашонро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд ва гардиши умумии хизматрасонӣ беш аз 10 млн сомониро ташкил додааст.

Барои кам намудани сарборӣ 11 адад трасформаторҳои иқтидорашон гуногун иваз ва насб карда шудаанд (дар деҳаҳои Обшорон, Кутурма, Чаманистони ҷамоти деҳоти Сомон, Ғуриёт (2 адад), Ситораи ҷамоати деҳоти Навобод, Хучилдиёр, Ноҷии болои ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, Суғдиёни ҷамоати деҳоти Алмосӣ, маҳаллаи Шарқ, кӯчаи Н. Қарабоеви ҷамоати шаҳраки Ҳисор).

Бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ 103 адад пояҳои оҳану бетонӣ иваз ва насб карда шуда, ба масофаи 12,4 км хати барқ кашида шудааст (дар деҳаҳои Обшорон,  Ғуриёт, Хучилдиёр, Лангар, Кутурма, Ситора ва Чуқураки боло).

Дар ҳудуди шаҳри Ҳисор баландравии дараҷаи оби нӯшокӣ таъмин карда шуда, 93,0%-ро ташкил додааст, ки ин нишондод дар соли 2023 89,5% буд.

Бо ташабуси вакилон, соҳибкорон, аҳолӣ 20 адад чоҳи амудӣ, 50,3 км хати оби нӯшокӣ ба истифода дода шудааст (ҷ/д Турсунзода, ҷ/д Сомон, ҷ/д Навобод, ҷ/д Деҳқонобод, ҷ/ш Шарора, ҷ/д Ҳисор, ҷ/д Алмосӣ, ҷ/д Мирзо Ризо, ҷ/ш Ҳисор).

Дар 6 моҳи соли 2024 аз ҳисоби маблағҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси харҷномаи тасдиқшудаи МДНРА шаҳр 407 ҳазору 131 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз маблағҳои воридгардида барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард 154 ҳазору 308 сомонӣ хароҷот шудааст.

Аз ҳисоби маблағҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор 407 ҳазор сомонӣ барои хариди сӯзишвории дизелӣ, равғанҳои молиданӣ, муми моеъ ва қисмҳои эҳтиётӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Барои рушди устувори шаҳр ва маҳалҳои аҳолинишин барои сохтмони 122 адад бинои истиқоматии баландошёна санади раиси шаҳр ба имзо расида, дар 59 адад бинои баландошёна корҳои сохтмонӣ оғоз гардида, идома доранд.

Ба ҳолати имрӯза 10 адад (20 блок) биноҳои баландошёна ва миёнаошёна аз ҷониби комиссия қабул карда шуда, дар 43 бинои баландошёна корҳои сохтмонӣ оғоз нагардида, ҳуҷҷатгузории иншоот идома дорад.

Дар ҳамин давра ба масоҳати 68 ҳазору 73 метри мураббаъ манзил (3962 нафар) ба истифода дода шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳазору 41 метри мураббаъ (370 нафар) зиёд мебошад.

Дар шашмоҳаи соли 2024 ба суроғаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 2070 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун муроҷиат намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1051 муроҷиат зиёд мебошад.

Дар самти баистифодадиҳии иншооти ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2023 мувофиқи маълумотҳои оморӣ аз 1675 адад иншоот 549 адад ё 32,8% ба истифода дода шуда, ба маълумоти оморӣ ворид карда шудааст, ки маблағи сарфшудаи онҳо 159,9 млн сомониро ташкил дода, 310 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *